Дирӯз, 19-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 дар гуруҳи “Е” байни бошгоҳҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Ад- Духайл” (Қатар) баргузор шуд ва мусовӣ ба поён расид.
Ҳар ду даста хзолҳои аввалини худро ба даст оварданд. Аммо бояд гуфт, ки бартарии дастаи меҳмон эҳсос мешуд.
Барои тамошои бозӣ дар варзишгоҳ 17500 нафар тамошобинон чамъ омада буданд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ “Ан-Наср”-и Саудӣ дар сафар бар “Персеполис”-и Эрон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
Бояд қайд кард, ки ситораҳои дастаи арабӣ Садио Мане ва Криштиану Роналду муассир набуданд ва дар охири бозтӣ иваз шуданд.
Қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол” бозиҳои навбатии худро дар Ар-Риёз бо “Ан-Наср” рӯзи 2 октябр ва дар Теҳрон бо “Персеполис” рӯзи 24 октябр баргузор мекунад.