Дар Абу-Даби (Амороти муттаҳидаи Араб,АМА) имрӯз, 24 октябр мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” оид ба ҷудо оғоз мешавад, ки дар он 7 ҷудокори тоҷик иштирок мекунанд.

Мувофиқи дархостҳои пешакӣ, дар мусобиқаи мазкур аз иштироки 467 нафар варзишгарон аз 81 кишвари саросари дунё интизорӣ меравад.

Намояндагони Тоҷикистон аз 7 дараҷаи умумии вазнҳо дар мусобиқа дар 6-тоаш рақобат мекунанд. Дастаи занонаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҳузур надорад.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ин мусобиқа аз варзишгарони зерин иборат аст: Меҳрзод Сӯфиев (60 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (то 90 кг) ва Эмомризо Анварзода (то 100 кг).

Силсилаи Тоскулоҳи Бузург дар Абу-Даби дар доираи Сайри ҷаҳони ҷудо доир гардида, баллҳое, ки дар ҷараёни ин мусобиқа ба даст оврада мешаванд, ба ҳисоби интихоб ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дохил мешаванд.

Ғайр аз ин, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа барои даст ёфтан ба медали тилло - 5 ҳазор евро, медали нуқра - 3 ҳазор евро ва медали биринҷӣ - 1,5 ҳазор  евро мукофтпулӣ мегиранд. Фонди умумии ҷоизаҳо 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.