Лионел Месси, футболбози 36-солаи аргентинӣ ва дастаи “Интер Майами”, бори ҳаштум Тӯби тиллоӣ - ҷоизаи “Беҳтарин футболбози ҷаҳон”-ро соҳиб шуд.
Ин ҷоиза, ки аз ҷониби нашрияи фаронсавии France Football таъсис ёфтааст, шаби гузашта, 30-юми октябр, дар пойтахти Фаронса, шаҳри Порис, дар театри Шатле, тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки Лионел Месси айни ҳол дар дастаи футболи “Интер Майами”-и Амрико бозӣ мекунад. Ӯ дар охирин Ҷоми ҷаҳонии футбол, дар Қатар бори аввал ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, беҳтарин бозигари ин мусобиқот гардид.
Ин ҳаштумин “Тӯби тиллоӣ”-и Леонел Месси аст.
Мақоми дуюмро узви дастаи мунтахаби Норвегия ва бошгоҳи “Манчестер Сити” Эрлинг Ҳоланд, ҷойи сеюмро узви тими Фаронса ва дастаи ПСЖ Килиан Мбаппе ва ҷойи чорумро Кевин де Брюйне, нимҳимоятгари тими Белгия ва дастаи “Манчестер Сити” ишғол карданд.
Рақиби сарсахти Леонел Месси - Криштиану Роналдуи португолӣ дар 20 соли ахир бори аввал ба рӯйхати 30 нафар муддаиёни ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дохил нашуд.
Ҳамин тавр, шаби гузашта, ҷоизадорони дигар номинаҳо низ муайян гардиданд:
“Тӯби тиллоӣ” (барои занон): Айтана Бонмати (Испания, “Барселона”)
Копа Трофи (беҳтарин бозигари ҷавон): Ҷуд Беллингем (Англия, “Боруссия Д” / “Реал Мадрид”)
Яшин Трофи (ҷоизаи беҳтарин дарвозабон): Эмилиано Мартинес (Аргентина, “Астон Вилла”)
Мюллер Трофи (беҳтарин ҳамлагар): Эрлинг Ҳоланд (Норвегия, “Манчестер Сити”)
Сократес Трофи (барои хайрия): Винисиус Жуниор (Бразилия, “Реал Мадрид)
Беҳтарин бошгоҳ (мардон): “Манчестер Сити” (Англия)
Беҳтарин бошгоҳ (занон): “Барселона” (Испания)




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста