Нурулло Алиев, размикори сакбуквазни UFC дар саҳифаи худ дар Instagram хабар дод, ки пояш лат хӯрдааст ва рӯзи 11-уми ноябр дар мусобиқаи UFC 295 дар шаҳри Ню Йорк (ИМА) ширкат карда наметавонад.

“Пас аз муоина табибони UFC маро манъ карданд ва ба мубориза розӣ нашуданд. Рӯзҳои наздик пойамро ҷарроҳӣ хоҳам кард”, - гуфт размикор.

Алиев дар Instagram навиштааст, ки дар чанд моҳи гузашта ба далели пеш омадани масоили оилавӣ танаффус кардааст, аммо ҳеҷ гоҳ тамринро қатъ накардааст.

"Вақте ки UFC ба ман рақиби шоиста пешниҳод кард, ман бо камоли майл розӣ шудам. Ин бархӯрд бароям муҳим аст, бинобар ин ман ба ин мубориза бо ҷидду ҷаҳд омодагӣ гирифтам. Ҳама чиз мувофиқи нақша пеш рафт, беҳтарин толорҳои варзишӣ, мураббиён ва ғизошиносон бо ман корбарӣ мекарданд. Мутаассифона, чанд рӯз пеш поям лат хӯрд. Пизишкони UFC пас аз муоина набардро манъ карданд ва розӣ нашуданд ба мубориза бароям”, - Нурулло Алиев.

Рақиби Нурулло Алиев Матеуш Ребекки аз Лаҳистон аст.

Акс аз саҳифаи Инстаграми Нурулло Алиев

Ёдовар мешавем, ки Алиев дар моҳи феврали соли 2023 дар мусобиқаи UFC Fight Night 220 бори аввал Рафаэл Алвесро шикаст дод.

Ӯ 9 ғалаба дорад ва ҳеҷ бохт надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.