Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мусобиқоти қаҳрамонии кураши ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он гуштингирони тоҷик соҳиби 4 нишони бириҷӣ шуданд.

Дар ин мусобиқот, ки аз 23 то 28-уми ноябр бо иштироки варзишгарони беш аз 50 давлат баргузор гардид, Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ намуд.

Аз миёни 7 варзишгари тоҷик 4 нафари он Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг, Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66 кг, Фирдавс Насимов дар вазни то 100 кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни +100 кг ба гирифтани медали биринҷӣ сазовор шуданд.

Дар миёни кишварҳо мунтахаби Тоҷикистон бо касби чаҳор медали биринҷӣ ҷойи ҳаштумро касб кард.

Аз рӯи сифати медалҳо варзишгарони Ӯзбекистон бо касби 9 медал (7 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷои аввалро соҳиб шуданд.

Акс аз Федератсияи ҷаҳонии кураш

Кишвари мизбони Туркманистон бо касби 15 медал (5 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) соҳиби мақоми дуюм шуда, аз рӯи теъдоди умумии медалҳо бошад ҷои аввалро касб кард.

Зинаи сеюмро мунтахаби Қазоқистон бо касби 6 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ишғол намуд.

Бояд гуфт, ки кураш гуштини камарбандии суннатии мардуми Осиёи Марказӣ мебошад.

Ин тарзи гуштин дар Тоҷикистон низ рушд намуда, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.