Ситоди мураббиёни мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки ба даври финалии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мегирад, эълон кард.

Сармураббии даста Петр Сегрт дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи Ҷоми Осиё, ки рӯзи 11 январи соли 2024 дар Қатар оғоз мегардад, 27 нафар бозингаронро ба ҳайати даста даъват кардааст.

Сурат: ФФТ

Омодагӣ ба Ҷоми Осиёро мунтахаби футболи Тоҷикистон 16 декабр дар Дубай оғоз карда, ҷамъомади машғулиятҳои назариявӣ ва ҷисмонӣ дар ин шаҳр то 27 декабр идома меёбанд. Сипас аз 28 декабр то 7 январ давраи дуюми ҷамъомад дар Абу Даби баргузор мешавад.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 8 январ мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Қатар раҳсипор мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа мунтахби футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бозӣ мекунад. Ҳарифони даста мунтахабҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) мебошанд.

Сурат: ФФТ

Ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар ҷамъомади машғулиятҳои назариявӣ ва тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб пеш аз Ҷоми Осиё 2023:

Дарвозабонон: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду – «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ханнонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Ахтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама – «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан»), Далер Имомназаров («Эсхата»);

Нимҳиямоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ЦСКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммаджон Раҳимов («Бухоро», Ӯзбекистон), Комрон Турсунов («Гокулам Керала», Ҳиндустон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амадони Камолов, Шервони Мабатшоев, Алиҷони Бӯризод (ҳама – «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА (ЦСКА), Алишер Шукуров («Кӯктош»);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Ӯзбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамрокулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадали Азизбоев («Ҳосилот»).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Зикр мегардад, ки легионерҳо (футболбозоне, ки берун аз ҳудуди Тоҷикистон бозӣ мекунанд) Манучеҳр Сафаров («Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Ваҳдат Ханнонов («Персеполис», Эрон), Парвизҷон Умарбоев (ЦСКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия) ва Комрон Турсунов («Гокулам Керала», Ҳиндустон) ба дастаи мунтахаб каме баъдтар ҳамроҳ мешаванд.

Ҷадвали бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А”-и Ҷоми футболи Осиё:

Даври 1-ум. 13 январ  (шанбе). Чин – Тоҷикистон.  Оғоз – соати 19:30 бо вақти Душанбе).

Давҳа, варзишгоҳи Абдулло бин Халифа

Даври 2-юм. 17 январ  (чоршанбе). Тоҷикистон – Қатар. Оғоз соати 19:30 ба вақти Душанбе.

Давҳа, варзишгоҳи «Ал-Байт»

Даври 3-юм. 22 январ (душанбе). Тоҷикистон –Лубнон. Оғоз соати 20:00 ба вақти Душанбе.

Давҳа, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.