Рустам Ятимов, дарвозабони мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол”-и Душанбе гаронтарин дарвозабон дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ шуд.

Бино ба маълумоти портали Transfermarkt, нархи дарвозабон 900 ҳазор евро арзёбӣ шудааст. Рустам Ятимов инчунин гаронтарин бозингари мунтахаби футболи ҷумҳурӣ мебошад.

Рустам Ятимов 25 сол дошта, соли 1998 дар Нижний Новгород ба дунё омадааст ва дар дастаи ҳамноми ҳамин шаҳр ба бозии футбол дар чемпионати Русия оғоз кардааст.

Аз соли 2018 дар дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад.

Дар зинаи дуюм аз рӯи арзиш ду дарвозабон аз Ӯзбекистон - Уткир Юсупов («Қӯқанд 1912») ва Абдувоҳид Нематов («Насаф», Қаршӣ) қарор дошта, нархи ҳар кадоме аз онҳо 700 ҳазор евро муқаррар шудааст.

Дарвозабони мунтахаби Қазоқистон ва тими “Шахтёр” (Қарағанда) Игор Шатский 600 ҳазор, дарвозабони беҳтарини Қирғизистон, бозингари дастаи «Шанлиурфаспор»-и Туркия Эрҷан Токотаев - 300 ҳазор евро ва дарвозабони мунтахаби Туркманистон ва дастаи “Аҳал”-и ин кишвар Расул Чориев - 175 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд.

Transfermarkt ҳамчунин арзиши умумии мунтахабҳои футболи Осиёи Марказиро нашр кардааст. Ба иттилои портал, арзиши дастаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон боло рафта, нархи тимҳои Қирғизистон ва Туркманистон каме поин рафтааст.

Арзиши мунтахабҳои футболи Осиёи Марказӣ:

Тоҷикистон – €7 млн (евро)

Радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонии FIFA: Зинаи 106-ум

1. Рустам Ятимов, дарвозабон, 25-сола, € 900 ҳазор   

2. Алишер Ҷалилов, нимҳимоятгар, 30-сола, € 700 ҳазор  

3. Зоир Ҷӯрабоев, ҳимоятгари марказӣ, 25-сола, € 600 ҳазор 

4. Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгар, 29-сола, € 500 ҳазор 

5. Эҳсони Панҷшанбе, нимҳимоятгари марказӣ, 24-сола, € 500 ҳазор 

Ӯзбекистон - €32,55 млн

Радабандии ҷаҳонии FIFA: Зинаи 68-ум

1. Элдор Шомуродов, ҳамлагари марказӣ, 28-сола, €5 млн 

2. Аббосбек Файзуллоев, нимҳимяотгар, 20-сола, €4 млн

3. Азиз Ғаниев, нимҳимоятгари марказӣ, 25-сола, €3 млн

Қазоқистон - €21,63 млн

Радабандии ҷаҳонии FIFA: Зинаи 100-ум

1. Бахтиёр Зайнутдинов, нимҳимоятгар, 25-сола, €6 млн.    

2. Нурали Алип, ҳимоятгари марказӣ, 24-сола, €3 млн. 

3. Александр Зуев, нимҳимоятгар, 27-сола, €900 ҳазор    

Қирғизистон - €5,90 млн

Радабандии ҷаҳонии FIFA: Зинаи 98-ум

1. Гулҷигит Алиқулов, нимҳимоятгар, 23-сола, €550 ҳазор

2. Алимардон Шукуров, нимҳимоятгар, 24-сола, €450 ҳазор

3. Тамирлан Козубаев, нимҳимоятгар, 24-сола, €400 ҳазор

Туркманистон - €3,30 млн 

Радабандии ҷаҳонии FIFA: Зинаи 141-ум

1. Руслан Мингазов, нимҳимоятгар, 32-сола,  €550 ҳазор

2. Теймур Гаруев,  нимҳимоятгар, 23-сола, €250 ҳазор

3. Арсланмурад Аманов, нимҳимоятгар, 33-сола, €200 ҳазор.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.