Бо қарори раиси шаҳри Бохтар ба дастаи футболи “Хатлон” номи таърихиаш - “Вахш” баргардонида шуд.

Дастаи “Вахш” яке аз тимҳои собиқадори вилояти Хатлон шуморида шуда, соли 1960 таъсис дода шудааст. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) таҳти номи “Пахтакор” дар лигаи дуюм бозӣ мекард. Дар чемпионатҳои Тоҷикистон “Вахш” 3 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шуда, дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё бозӣ кардааст.

Соли 2018 дар ҷараёни ислоҳи сохтори ташкилии даста аз ташкилоти ҷамъиятӣ ба муассисаи давлатӣ раҳбарияти даста номи дастаро ба “Хатлон” иваз кард.

Бо гузашти 6 сол номи даста барқарор шуда, рамзи нави даста дар рӯзҳои наздик муаррифӣ мешавад.

Мухлисони даста
Сурат аз ДФ "Вахш"

Дар мавсими соли 2023 “Хатлон” пеш аз муҳлат тамоми имконоти боқӣ мондан дар Лигаи олиро аз даст дода, имсол дар Лигаи якум бозӣ мекунад. Пеш аз ин Аслиддин Ҳабибуллоев аз вазифаи сармураббигӣ истеъфо дод.

Ӯ аз соли 2020 ба ҳайси сармураббӣ кор карда, бо ин даста то финали Ҷоми Тоҷикистон расид. Соли 2022 Ҳабибуллоев бо “Хатлон” ба дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ноил гардида, дар чемпионат зинаи 4-умро ишғол кард.

Иҷрокунандаи вазифаи сармурабии дастаи вилояти Хатлон Меҳроб Заурбеков ва ёвари ӯ - Камолҷон Ортиқов таъин шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.