Тими миллии Тоҷикистон, ки бори аввал дар Ҷоми Осиё оид ба футбол иштирок мекунад, пас аз ғалаба бар тими Лубнон ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт.
Ин пирӯзии таърихӣ ба мухлисони футболи тоҷик шодиву нишоти беҳад овард. Дар ин робита, мо бо сокинону меҳмонони пойтахт оид ба таассурот ва интизориҳояшон аз бозии футболбозони тоҷик суҳбат оростем.
Дар суҳбати мо бештар ба голҳои бекоршуда, доварӣ ва вохӯрии футболбозон бо президент таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Ба ақидаи аксари сокинон, бозӣ бисёр ҷолиб буд ва тими мо футболи олиро намоиш дод.
Чандеи дигар баён доштанд, ки ба рӯҳияи футболбозони тоҷик, бешубҳа, вохӯрӣ бо президенти кишвар пеш аз бозӣ таъсир гузошт.
Умеду интизорӣ аз тими миллӣ бошад, аз ҳама як аст - ғалаба!
Муфассал дар навори зер тамошо кунед.
Чанде пеш баъди бозиҳои навбатӣ дар гурӯҳҳо, рақиби дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври 1/8 финалӣ (плей-офф) маълум шуд. Дар ин марҳила футболбозони тоҷик бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бозӣ мекунанд.
Ин бозӣ рӯзи 28-уми январ, соати 21:00 ба вақти Душанбе баргузор мегардад.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста