Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол баъди мусовӣ бо Чин, шикаст аз Қатар ва ғалабаи таърихӣ бар Лубнон бо касби 4 хол дар гурӯҳи “А” мақоми дуюмро ишғол карда, ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт ва ҳамакнун, бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), ки мисли тими Тоҷикистон бо як ғалаба бар Ҳонконг, мусовӣ бо Фаластин ва шикаст аз Эрон бо касби 4 хол дар гурӯҳи “С” мақоми дуюмро соҳиб шуд, қувваозмоӣ хоҳад кард.
Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб рӯзи якшанбе, 28-уми январ, дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Тоҷикистон имкони ғалаба дорад?
Аксари таҳлилгарони футбол ва идораҳои букмекерӣ дар ин рақобат имконияти тими Амороти Муттаҳидаи Арабро нисбат ба тими Тоҷикистон бештар баҳо медиҳанд.
Аммо ба андешаи Сайфиддин Қараев, шореҳи варзиши “Asia-Plus”, чунин баҳогузории таҳлилгарон метавонад ба нафъи тими Тоҷикистон бошад.
“Дар марҳилаи плей-офф пешгӯӣ кардани натиҷаи бозӣ бисёр душвор аст, зеро бо фарқ аз марҳилаи гуруҳӣ, дар ин марҳила тимҳо бозии рақибони худро хуб омӯхтаву таҳлил мекунанд ва вобаста ба он бозигузорӣ менамоянд. Аммо ҳар дастае, ки ба ин марҳила роҳ ёфтааст, барои пирӯзӣ имконият дорад”, - мегӯяд Қараев.
Ӯ мегӯяд, дар ин бозӣ шояд тими Амороти Муттаҳидаи Араб имконияти бештар дошта бошад, зеро онҳо таҷрибаи иштирок дар ин мусобиқаро доранд ва ҳатто соли 2019 нишони биринҷии Ҷоми Осиёро соҳиб шудаанд, аммо тими Тоҷикистон ҳам метавонад дар сурати бозигузории хуб дар хати ҳуҷум ва дифоъ ғалаба кунад.
Ба қавли ӯ, баргаштани футболбози ҳайати асосӣ Ҳамадонӣ Камолов ҳам умедворкунанда аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ин ду тим ду маротиба бо ҳам вохӯрданд. Дар бозии дӯстонаи соли 2020 Аморати Муттаҳидаи Араб қавитар буд ва бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Дар вохӯрии 2-юми моҳи марти соли 2023 дастаҳо 0:0 мусовӣ карданд.
Бояд гуфт, ки тими миллии Амороти Муттаҳидаи Арабро мутахассиси португалӣ Пауло Бенту тамрин медиҳад. Дастаи феълӣ барандаи медали биринҷии Ҷоми Осиё мебошад. Соли 2019, ки Чемпионати Осиё дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, мизбонон ба даври ниманиҳоии ин мусобиқа роҳ ёфта буданд.
Тими миллии Тоҷикистон бошад, дар ин мусобиқоот бори аввал иштирок мекунад ва сармураббии он мутахассиси хорватӣ Петар Шегрт мебошад.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст
Рустами Эмомалӣ дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ба ҳамтои эронии худ барқияи таслият ирсол кард
Абдунабӣ Сатторзода: Лоиқро ба ҳарду майдон даъват мекарданд, аммо ӯ ёри на “Шаҳидон” ва на “Озодӣ” буд
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш изҳори ҳамдардӣ кард
Тайи 10 сол Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кард
Хисороти боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар кишвар
Тотористон ронандагон ва муҳандисони тоҷикро ба кор ҷалб кардан мехоҳад
Хадамоти алоқа: ширкатҳои мобилӣ дар се моҳ беш аз 1 млрд сомонӣ даромад ба даст овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста