Дар мусобиқаи силсилаи Тоскулоҳи Бузург дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров ба дарёфти медили нуқра шарафёб гардид.
Дар вазни то 73 кг ӯ то рақобати финалӣ бар варзишгарон Александр Раику (Руминия), Михеил Бахбахашвили (Гурҷистон), Карим Абдуллоев (АМА), Артур Маргелидон (Канада) ва Аюб Хоҷалиев (варзишгари инфиродии бетараф) дастболо шуд.
Дар қувваозмоии финалӣ Абӯбакр аз ҷудокори мизбони мусобиқа - варзишгари Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров (Гейдаров) шикаст хӯрд.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи Baku Grand Slam 2024 12 варзишгар намояндагӣ карданд: 8 нафар дар мусобиқа миёни мардон - Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг), Абӯбакр Шеров (73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (73 кг), Умедҷон Раҷабов (90 кг), Сомонӣ Кишваров (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг), Шакар Мирмамадов (+100 кг) ва 4 нафар миёни занон - Шукрона Карчиева (48 кг), Аҳлия Муминова (52 кг), Фазилат Гулбоева (57 кг) ва Мавлуда Одинаева (63 кг).
Аз намояндагони Тоҷикистон Абӯбакр Шеров ягона варзишгарест, ки ба дарёфти ҷоиза даст ёфт.
Мусобиқаи Тоскулоҳи Бузург оид ба ҷудо дар Боку аз 16 то 18 феврал баргузор шуд. Дар он 404 ҷудокор (226 нафар мардон ва 178 нафар занон) аз 62 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.
Ба ғайр аз мукофотпулӣ, варзишгарон ба касби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонӣ, ки зимни тақсим квотаҳо барои иштирок дар Бозиҳои олимпиии 2024 дар Париж ба инобат гирифта мешаванд, соҳиб мешаванд.
Қобили зикр аст, ки бо дарёфти медали тилло дар ин давр ҷудокор 1000 имтиёз ва 5 ҳазор евро мукофотпулӣ (1 ҳазораш ба мураббии варзишгар дода мешавад), нуқра - 700 имтиёз ва 3 ҳазор евро (600 евро - ба мураббӣ) ва биринҷӣ - 500 имтиёз ва 1500 евро (300 евро - ба мураббӣ) мегирад.
Ёдрас мекунем, ки дар муобиқаи Тоскулоҳи Бузурги Боку дар соли 2022 намояндагони Тоҷикистон 2 медал - Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг медали тилло ва Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Дар соли 2023 варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа аз медалҳо бенасиб монда буданд.