Размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов дар доираи мусобиқаи Fight Night 238 (Vegas 87) дар Лас Вегас рақобати сеюми худро гузаронид. Ӯ бо ҳарифаш аз Фаластин Абдул-Карим Ал-Севади рақобат кард.
“Танки тоҷик” дар оғози раунди сеюм бо зарбаи сахти дасти рст ҳарифро ба нокдаун фиристода, довар инро нокаути техникӣ ҳисоб кард. Барои размикор аз Тоҷикистон ин ғалабаи дуюм дар промоушен аст. Рекорди ӯ дар ММА- 18-5-1 аст.
Дар ҷараёни рақобат Раҷабов пас аз 5 кӯшиши тейкдаун ҳарифашро чор маротиба ба пушт афтонида , 39 зарбаи ҳадафнок расонид.
Қобили зикр аст, ки дар панҷ дақиқаи раунди дуюм Ал-Севади бартарият дошт, худи Лоиқ дар мусоҳиба изҳор дошт, ки “дар раунди дуюм хеле зиёд об нӯшидааст”.
Лоиқ Раҷабов қувваозмоиҳои касбии худро дар ММА 10 сол пеш оғоз намуда, қисмати зиёди онро дар PFL гузаронидааст. Дар он Лига ғалаба ва бохтҳои Лоиқ тақрибан баробар аст. Дар UFC ҳам ӯ ду қувваозмоӣ гузаронида, як ғалаба ва як бохт дорад. Дар рақобати дуюми худ дар UFC Лоиқ бо нокаути техникӣ аз Матеуш Ребетски шикаст хӯрда буд.