Мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев тамрину машқҳои омодагиро ба даври финалии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мешавад, оғоз кард.

Сармураббии мунтахаби олимпӣ Мубин Эргашев ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ 26 нафар футболбозонро даъват кард. Дар ин бора дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода мешавад.

Сурат: ФФТ

Ба ҳайати даста чанд бозигари нав шомил шуданд, аз ҷумла ҳимоятгарон Денис Першин («Арсенал-2», Русия), Даниил Алимов («Динамо» Владивосток, Русия), нимҳимоятгарон Ансор Ҳабибов («Арсенал», Русия), Ҷомӣ Назаров («CP Sarria», Испания), ҳамлагарон Меҳрон Мадаминов («Истиқлол») ва Одилҷони Анӯшервонӣ («TУС Диткерхен», Олмон).

Сурат: ФФТ

Гуфта мешавад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Ветнам ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо рӯзҳои 20 ва 23 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои то 23-сола тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайланд (22 апрел) бозӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, мунтахаби Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади тамринии Давҳа машқҳои охирини худро анҷом дод.

Сурат: ФФТ

Имрӯз ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон боз панҷ бозигар омаданд: ҳимоятгарон Зоир Ҷӯрабоев ва Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ») ва ҳамлагар Шаҳром Самиев («Андиҷон»), ки дар чемпионати Ӯзбекистон бозӣ мекунанд, инчунин нимҳимоятгари тими ССКА-1948-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев ва бозигари тими «Самтредия»-и Гурҷистон Муродалӣ Ақназаров.

Ҳайати комили мунтахаби Тоҷикистон дар Риёз ҷамъ мешавад. Онҷо ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон) ва нимҳимоятгар Руслан Хайлоев («Тюмен»-и Русия) ба даста мепайванданд.

Сурат: ФФТ

Шоми 18 март тими миллии Тоҷикистон барои анҷоми бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо дастаи Арабистони Саудӣ, ки рӯзи 21 март баргузор мешавад, ба Риёз меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.