Варзишгардухтари тоҷик Мунира Абдусаломова дар вазни 67 кг оид ба таэквондо ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж роҳхат гирифт.

Мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 оид ба таэквондо WT дар қораи Осиё рӯзҳои 15-16 март дар шаҳри Тайани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуданд.

Узви тими мунтахаби Тоҷикистон Мунира Абдусаломова дар даври нимфиналӣ бо ҳисоби 14:8 бар варзишгари пурқуввати Қазоқистон Ҷансел Дениз, ки яке аз довталабони асосии мусобиқа маҳсуб меёфт, дастболо шуд.

Бо ин ғалаба варзишгардухтари тоҷик ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар пойтахти Фаронса - Париж роҳхат дарёфт кард.

Мувофиқи регламент, дар ҳамаи вазнҳо ду иҷозатнома дода мешуд. Яъне варзишгароне, ки ба даври финалӣ роҳ меёфтанд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ мешаванд.

Дар Париж таэкондочиён дар 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни занон рақобат мекунанд. Айни замон мусобиқаҳои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж барои таэкондочиён ба ҷуз мусобиқаи интихобии панамерикоӣ қариб анҷом ёфтанд.

Қобили зикр аст, ки роҳхатҳои олимпиро оид ба таэквондо намояндагони 44 кишвари саросари дунё ба даст овардаанд.

Роҳхати Мунира Абдусаломова чаҳорумин барои варзишгарони тоҷик аст. Қаблан дар риштаи бокс Мижгона Самадова, Давлат Болтаев ва Баҳодур Усмонов ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.