Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ доир мегардад. Оғози вохӯрӣ - соати 20:00.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз бозгашт аз Арабистони Саудӣ омодагиҳоро ба ин бозӣ оғоз намуда, футболбозони тими миллӣ нахуст дар толори варзишӣ ва баъдан дар майдони футбол машқу тамрин карданд.
Ёдрас мекунем, ки дар бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» футболбозони тоҷик дар мизбонӣ аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд. Дар бозии дигари гурӯҳи “G” Урдун дар меҳмонӣ бар дастаи Покистон бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ шуд.
Ба ин тариқ, дар гурӯҳи “G” Арабистони Саудӣ бо касби 9 имтиёз зинаи аввалро ишғол мекунад. Тоҷикистону Урдун 4-имтиёзӣ дошта, мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро касб кардаанд. Покистон ҳар се бозиро бохта, ягон имтиёз нагирифтааст ва дар зинаи охирин қарор дорад.
Тавре ки дар боло гуфтем, имрӯз дар гурӯҳи “G” бозиҳои даври чорум доир гардида, Тоҷикистон дар майдони худ дастаи Арабистони Саудиро қабул мекунад. Дар вохӯрии дигари гурӯҳ дастаҳои Урдун ва Покистон бозӣ мекунанд. Қобили зикр аст, ки ба тими миллии Арабистони Саудӣ яке аз мураббиёни маъруфи футбол - мутахассиси итолиёвӣ Роберто Манчини роҳбарӣ мекунад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон аз тамоми мухлисон даъват кардааст, ки ба варзишгоҳ омада, дар чунин бозии муҳим дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.
Гела Шекиладзе, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ изҳор доштааст, ки “барои пирӯзӣ бар Арабистони Саудӣ футболбозон бояд тамоми кӯшишҳои худро дар майдон ба харҷ дода, барои натиҷаи мусбат тамоми қувваи худро сарф созанд”.
Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов доир ба интизориҳояш аз ин вохӯрӣ зикр кардааст, ки "бозӣ бо Арабистони Саудӣ хеле муҳим буда, бо пирӯзӣ дар ин бозӣ, мо имкони роҳ ёфтан ба даври навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро хеле зиёд мекунем”.
“Ҳама бозигарон мехоҳанд, ки ба марҳилаи баъдӣ бирасанд ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 шаванд, - иброз доштааст ӯ. - Тамоми мухлисонро барои дастгирӣ даъват менамоям. Мухлисон бозигари 12-уми мо мебошанд. Мо воқеан ба дастгирии мухлисон ниёз дорем. Онҳо моро такони иловагӣ медиҳанд”.
Қобили зикр аст, ки дар Конфедератсияи футболи Осиё марҳилаи интихобии Чемпионати футболи ҷаҳон-2026 аз 5 давр иборат аст.
Дар марҳилаи аввал 20 дастаи рейтингашон пасти ФИФА бо ҳамдигар ду бозӣ гузаронида, 10 дастаи ғолиб ба марҳилаи минбаъда роҳ меёбанд.
Дар марҳилаи дуюм онҳо ба 26 дастаи рейтингашон баланд ҳамроҳ шуда, ин 36 даста ба 9 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 4 даста тақсим мешаванд.
Дастаҳое, ки зинаҳои 1-ум ва 2-юмро ишғол мекунанд, ба марҳилаи сеюм баромада, ҳамзамон ба даври финалии мусобиқаи навбатии Ҷоми Осиё роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи сеюм 18 даста ба 3 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 6 даста тақсим мешаванд. Ду дастаи аввали ҳар кадоме аз гурӯҳҳо мустақиман ба даври финалии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳхат мегиранд.
Дастаҳое, ки зинаҳои 3-юм ва 4-умро ишғол мекунанд, дар марҳилаи 4-ум ба 2 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 3 даста тақсим шуда, дастаҳои ғолиби ин ду гурӯҳ ба тимҳои иштирокчии даврии финалии ЧҶ-2026 ҳамроҳ мешаванд.
Ва дар ниҳоят дар даври 5-уми марҳилаи интихобӣ ду дастае, ки дар даври 4-ум дар гурӯҳҳои худ зинаи дуюмро ишғол мекунанд, бо ҳамдигар бозӣ карда, ғолиби вохӯрӣ ба бозии байниқитъавӣ роҳхат мегирад.
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2026 аз 11 июн то 19 июл бори нахуст дар се кишвар - Канада, Мексика ва ИМА баргузор мешавад. Ҳамчунин бори аввал дар ин чемпионат 48 даста иштирок мекунанд.
96 миллиард доллар. Маҳз ҳамин миқдор маблағ ба Тоҷикистон лозим аст, то дар шароити мутобиқшавӣ ба иқлим рушд кунад
Эмомалӣ Раҳмон: “Ният дорем, ки то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем”
Марги 4 узви як хонадони тоҷик дар пайи сухтор дар Русия
Боздошти марде, ки ронандаи автобусро латукӯб кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо”
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста