Мунтахаби футболи синни то 23-солаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мубин Эргашев давраи омодагӣ ба мусобиқаи Ҷоми Осиё-2024-ро ба охир мерасонад.

Дар Ҷоми футболи Осиё дар Давҳа (Қатар) мунтахаби синни то 23-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бозӣ мекунад. Бозиҳои Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ 16 апрел, Ироқ - 19 апрел ва Таиланд - 22 апрел баргузор мешаванд.

Ҷамъомади таълимиву машқ аввали моҳи апрел оғоз гардида буд. Сармураббии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон Мубин Эргашев 24 бозингар - 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

Мубин Эргашев
Сурат: ФФТ

Қобили зикр аст, ки аввали сол дар Қатар мунтахаби миллии Тоҷикистон то даври чаҳорякниҳоии Ҷоми футболи Осиё расид. Акнун мунтахаби ҷавонони кишвар низ талош меварзад, ки  ба дастоварди тими миллӣ расад.

Дар доираи омодагиҳо дар Давҳа футболбозони тоҷик бо дастаи дивизиони якуми Қатр - “Ал-Вааб” бозии санҷиши гузаронида, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд. Голи ягонаро аз тими мо дар дақиқаи 83-юм бо зарба аз беруни ҷаримагоҳ бозингари дастаи “Тюмен” Руслан Хайлоев ба ҳадаф расонид.

Ягона талафи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз Ҷоми Осиё нимҳимоятгари дастаи “Самгурали”-и Гурҷистон Алиҷони Бӯризод мебошад, ки дар бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 бо Арабистони Саудӣ (1:1) ҷароҳат гирифт.

Ҳамчунин зикр мекунем, ки дар Ҷоми Осиё дар Қатар мунтахабҳои ҷавонони қора натанҳо барои ба даст овардани медалҳои мусобиқа, балки  дарёфти роҳхат ба Бозиҳоии олимпии Париж-2024 низ рақобат мекунанд. Се дастаи беҳтарин ҳамчун намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) роҳхат гирифта, дастаи зинаи чорум бо намояндаи Африқо барои боз 1 роҳхати дигар ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар плей-офф бозӣ мекунад.

Сурат: ФФТ

Дар ин мусобиқа ҳамагӣ 16 даста иштирок мекунанд. Чемпиони амалкунанда тими Арабистони Саудӣ мебошад. Мусобиқа аз 15 апрел то 3 май баргузор мешавад.

Дар робита ба пешгӯиҳо пеш аз Ҷоми Осиё бошад, коршинсони соҳаи футбол бар ин назаранд, ки Арабистони Саудӣ ва Ироқ довталабони асосии пирӯзӣ дар ин мусобиқаанд.

Ба ақидаи онҳо, Мубин Эргашев бояд ҳарифонро хуб омӯхта, кӯшиш кунад, ки дар гурӯҳ ҳадди ақалл зинаи 2-юмро ишғол кунад, зеро аз ҳар як гурӯҳ 2 даста ба даври 1/4 финалӣ роҳ меёбанд.

Сурат: ФФТ

Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ дар ҷуфтҳои 1/4 финалӣ рақобатро барои медалҳо идома медиҳанд.

Ҳайати гурӯҳҳо дар Ҷоми Осиё-2024 (U-23):

Гурӯҳи «А»

- Қатар

- Австралия

- Урдун

- Индонезия

Гурӯҳи «В»

- Ҷопон

- Кореяи Ҷанубӣ

- Амороти Муттаҳидаи Араб

- Чин

Гурӯҳи «С»

- Арабистони Саудӣ

- Ироқ

- Таиланд

- ТОҶИКИСТОН

Гурӯҳи «D»

- Ӯзбекистон

- Ветнам

- Кувейт

- Малайзия.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.