Федератсияи байнулмилалии ҷудо радабандӣ (рейтинг)-и олимпиро нав кард, лекин ҳамаи иштирокчиён рӯзи 23 июни соли 2024 расман маълум мешаванд.

Ҳаққи иштирок дар бозиҳоро 7 ҷудокори тоҷик соҳиб шуда, лекин дар Бозиҳои олимпии соли 2024 танҳо 6 нафарашон мераванд, зеро дар Париж дар як вазн танҳо як нафар аз ҳар як дастаи мунтахаб иштирок мекунад. Инҳо - Темур Раҳимов, Нуралӣ Эмомалӣ, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Комроншоҳи Устопириён буда, Муҳаммадсолеҳ Қувватов квотаи қоравӣ мегирад.

Ба сурати умум, ҳар кадоме аз намояндагони кишвар барои дарёфти роҳхат имкон дорад, лекин барои ин дар мавсим бояд дар 6 то 8 мусобиқа иштирок карда, дар онҳо ҳарчӣ бештар ба комёбиҳо даст ёбад, то ки холҳои муҳим гирад.

Радабандии олимпӣ аз ҷаҳонӣ ба таври назаррас фарқ мекунад, зеро вижагиҳои худро дорад. Дар он натиҷаҳои танҳо ду силсилаи дусолаи интихобӣ сабт мешаванд.

Варақаи радабандӣ иштирокчиёни Бозиҳои олимпии навбатиро муайян мекунад. Вобаста ба мақоми мусобиқа барои рақобат дар мусобиқаи байнулмилалӣ варзишгарон метавонанд ба холҳои гуногун соҳиб шаванд.

Барои иштирок дар Олимпиадаи соли 2024 дар ҳар як вазн ҳам байни мардон ва ҳам занон 17 квота ҷудо шудааст. Ба ин ҷо намояндагони Фаронса ҳамчун ҷониби қабулкунанда дохил намешаванд. Радабандии ниҳоӣ 23 июни соли 2024 ба нашр мерасад.

Дар мусобиқаҳо оид ба ҷудо дар Бозиҳои олимпии соли 2024 дар маҷмӯъ 372 варзишгар иштирок мекунанд. Аз ҳар кадоме аз Кумитаҳои миллии олимпӣ ба ҳадди ниҳоӣ 14 ҷудокор: 7 мард ва 7 зан 1 нафарӣ дар ҳар вазн иштирок мекунанд. Ба сурати умум ҷудокорони 105 кишвар ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегиранд.

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж аз 26 июл то 11 август баргузор мешаванд. Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.