Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук бо роҳравҳои резинӣ ва майдонҳои волейбол, баскетбол ва футбол дар Тоҷикистон беш аз 1,5 млн сомонӣ маблағгузорӣ мекунад. Дар ин бораи саҳифаи Кумитаи милли олимпии кишвар хабар додааст.
Ин иншоот дар ҳудуди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов дар доираи барномаи “Олимп Осиё”-и Шӯрои олимпии Осиё барои варзиши сабук сохта мешавад.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки ин масъала дар вохӯрии Раҳмонзода Абдулло, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар бо Ҳусейн Ал-Мусаллам, директори генералии Шӯрои олимпии Осиё, ки рӯзи 5-уми июн дар кишвари Баҳрайн баргузор гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

“Зимни баргузории мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди инфрасохтори соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва қоравӣ, тадбиқи барномаҳои соҳавии Шӯрои олимпии Осиё дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи варизишро мавриди баррасӣ қарор додаанд”,- хабар медиҳад манбаъ.
Пешниҳоди сохтани иншооти мазкурро Раҳмонзода ба директори генералии Шӯрои олимпии Осиё ироа кардааст ва ҷавоби мусбат гирифтааст.
Маълум нест, ки сохтмони ин майдон кай оғоз мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста