Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) номи ҳамаи ҷудокорнеро, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж ширкат меварзанд, эълон кард. Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ ба 6 роҳхати олимпӣ соҳиб шуд.
Тавре ки IJF менависад, меъёрҳои интихобро 7 ҷудокори тоҷик иҷро карданд, лекин танҳр 6 нафари онҳо ба Олимпиада мераванд, зеро дар Париж дар як вазн аз ҳар кадоме аз дастаҳои мунтахаб 1 нафар иштирок мекунад.
Инҳо Темур Раҳимов (+100 кг), Нуралӣ Эмомалӣ (+66 кг), Сомон Маҳмадбеков (+81 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (+73 кг) ва Комроншоҳ Устопириён (90 кг) мебошанд. Ба Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг) квотаи минтақавӣ дода мешавад.
Дар мусобиқаҳои ҷудо дар Олимпиадаи Париж ба сурати умум 372 варзишгар иштирок мекунанд: ҳар кадоме аз Кумитаҳои олимпӣ ба пешниҳоди ҳадди ниҳоӣ 14 ҷудокор ҳуқуқ дорад - 7 зан ва 7 мард дар ҳар як вазн. Ҷудокорон аз 105 кишвар соҳиби ҷоизаҳо мешаванд.
Қобили зикр аст, ки аввали моҳи июн бо ташаббуси раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир варзишгарон-ҷудокороне, ки барои иштирок дар Олимпиада роҳхат дарёфт карданд, ҳар кадоме бо 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.
Ба гуфтаи муовини раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков, айни замон мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистон дар шароити кӯҳсор таҳти роҳбарии мутахассиси Ҷопон Тамур Тори ва мураббиён Фотеҳ Маҳмадбеков ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба Бозиҳои олимпӣ омодагӣ мегирад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба дарёфти 4 медал - 1 тилло, 1 нуқра ва 2 медали биринҷӣ ноил гардид. Медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров, нуқраро - гӯштингир Юсуф Абдусаломов ва 2 медали биринҷиро - ҷудокор Расул Боқиев ва Мавзуна Чориева дар мусобиқаи бокс байни занон ба даст оварданд.
Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж аз 26 июл то 11 август баргузор мешаванд. Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.