Дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз намуди куштии миллӣ, ки аз 28-ум то 31-уми август дар Душанбе баргузор мегардад, Тоҷикистонро 18 варзишгар муаррифӣ мекунанд.
Дар ин бора “Ховар” иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки миёни варзишгарони тоҷик 12 куштигири мард ва шаш зан ҳастанд. Варзишгарони тоҷик дар ҳар вазн ду нафар баромад хоҳанд кард.
Ҳайати варзишгарони тоҷик:
Шаҳбоз Саидаброров, Муллораҷаб Халифаев - 65 кг;
Аҳмад Масъуд, Мирзоҷамил Рамазонов - 71 кг;
Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов - 78 кг;
Умар Расулов, Ҳақназар Назаров - 86 кг;
Улуғбек Раҳимов, Кароматулло Ҳакимов - 95 кг;
Шариф Назриев, Шакармамад Мирмамадов - +95 кг;
Мадина Қурбонзода, Рӯзигули Ҳасан - 52 кг;
Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова - 70 кг;
Мавлуда Одинаева ва Сабрина Холова - +70 кг;
Қаблан аз Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода буданд, ки мусобиқа дар 9 вазн баргузор шуда, занон дар 3 вазн ва мардон дар 6 вазн рақобат мекунанд. Дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Фонди ҷоизавии мусобиқа бошад, 400 ҳазор доллари ИМА гуфта мешавад.
Баррандаҳои нишони тиллои мусобиқа 20 000, медали нуқра 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА ҷоиза мегиранд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дастаҳое, ки аз рӯи шумораи медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, ҷоиза бо маблағӣ 5000, 3000 ва 2000 доллар ба даст меоранд.
“Аз рӯйи нақша дар ду рӯзи аввал кушодашавии мусобиқот ва интихоботи президенти Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ мегузарад, худи мусобиқот рӯзҳои 30 ва 31 август дар Қасри теннис ва варзиши обӣ доир мегардад. Барои тамошобинон даромад ройгон аст", - гуфта буданд аз Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон.
Инчунин, ба иттилои масъулон, дар рафти мусобиқа миёни мухлисон бозии ройгони бурднок гузаронида шуда, ба ҳайси ҷоиза автомобили тамғаи “Camry 6” ва 5 телефони “Iphone 15 Pro” омода шудааст.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста