Яке аз размикорони ояндадори дивизиони нимавазнӣ Самандар Муродов бо амрикоӣ Ҷонатан Пирсма (9-3) дар доираи қувваозмоиҳои нимфиналӣ дар мусобиқаи Road To UFC дар Лас-Вегас рақобати навбатиашро барпо кард.
Рзмикори тоҷик дар натиҷа пайдарпай бори 11-ум бо қарори якдилонаи доварон (30-27, 30-27, 30-27) ғалаба ба даст овард ва ин рекорди нави Самандар аст - 11-0 (7 финиш).

Пас ин пирӯзӣ ҳоло дар бораи қарордод бо UFC ҳоло сухан гуфтан барвақт аст, лекин ҳама чиз имконпазир аст.
Барои Муродов ин аллакай ғалабаи 2-юм дар доираи ин мусобиқа аст - қаблан ӯ бар намояндаи Бразилия Ҷиан Сикуэйра дастболо шуда буд.

Дар Road to UFC дар муддати тамоми мавҷудияташ 13 мусобиқа гузаронида шуда, 59 рақобат доир гардидааст. Дар ин рақобатҳо 37 размикор ҳадди ақалл 1 бор ғалаба ба даст овардаанд. Аз 37 размикор ҳамагӣ 10 нафарашон бо UFC қарордод ба имзо расониданд.
Коршиносон чунин мешуморанд, ки ворид шудан ба UFC хеле душвор аст.
Коршиноси ММА Далер Латипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳамаааш аз рақобатҳо, сатҳи мусобиқа ва худи варзишгар вобаста аст.

“Ҳоло ба UFC ворид шудан хеле мушкил аст, зеро дар он ҷо варзишгарон хеле зиёданд ва ҳоло як навъ тоза кардани ҳайат идома дорад, то ки баъдан ба осонӣ варзишгарони навро ба узвият қабул кунанд», - гуфт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста