Варзишгари ҷавони тоҷик дар гӯштини тарзи юнониву румӣ (дар вазни 67 кг) Суннат Абдуллоев наметавонад дар мусобиқаи чемпионати ҷаҳон дар Испания иштирок кунад.
“Гап сари он аст, ки гӯштингир аз Тоҷикистон ният дошт, ки дар мусобиқаи чемпионати ҷаҳон миёни варзишгарони синни то 20-сола иштирок кунад, вале ба парвози ӯ иҷоза нашуд, - хабар медиҳад Федератсияи гӯштини ҷумҳурӣ. - Ба варзишгар парвоз аз Туркия ба Испанияро иҷоза надода, ӯ муддати ду рӯз инҷониб дар фурудгоҳи Туркия қарор дорад”.
Ба иттилои манбаъ, ба ин “надоштани сарпараст ва мушкилоти парвози баргашт” сабаб шудааст.
Ин чӣ маъно дорад, дар хабар шарҳ дода намешавад.
Федератсия хабар медиҳад, ки алҳол Суннат Абдуллоев ҳаққи баромадан аз Туркияро надорад.
“Мо ба ҳалли ин масъала машғулем, - омадааст дар хабар. - Ин бори аввал нест ки ин гуна мушкилот барои гӯштингирони мо ба вуҷуд меояд. Соли гузашта низ Суннат Абдуллоев ба сабаби мушкилоти раводид (виза) ба мусобиқоти ҷаҳони дар Италия рафта натавонист”.
Мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар Испания аз 2 то 8 сентябр баргузор мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста