Дилшод Назаров, гурзандози шинохтаи тоҷик раиси Кумитаи варзиши Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон аъзои Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардидааст. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ӯ дар 44-умин ҷаласаи Ассамблеяи генералии ҳисоботию интихоботии ин шӯро, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор гардид, раиси кумита интихоб шуд.
Дар натиҷаи ин овоздиҳӣ, Раҷа Рандхир Сингҳ, президенти Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардид.
Бояд гуфт, ки ин гурзандози шинохтаи тоҷик ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад. Қаблан ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон кор кардааст.
Дилшод Назарови 41-сола нахустин қаҳрамони олимпии Тоҷикистон дар бозиҳои Рио-де-Жанейро дар риштаи гурандозӣ аст. Ӯ инчунин барандаи медали нуқраи мусобиқаи қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001) мебошад.
Бояд гуфт, ки Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) ё Olympic Council of Asia (OCA) як созмони байналмилалӣ мебошад, ки масъулияти пешбурди ҳаракати олимпӣ дар қитъаи Осиёро бар дӯш дорад. Ин ниҳод соли 1982 таъсис ёфтааст ва мақсади асосии он тарғиби варзиш ва ҳамкориҳои варзишӣ миёни кишварҳои осиёӣ мебошад.
ШОО чорабиниҳои варзишии сатҳи қитъавӣ, аз ҷумла, Бозиҳои осиёӣ (Asian Games), Бозиҳои ҷавонони Осиё (Asian Youth Games), Бозиҳои соҳилии Осиё (Asian Beach Games), Бозиҳои зимистонаи Осиё (Asian Winter Games) ташкил ва назорат мекунад.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста