Дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дар бозии якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 аз дастаи "Ал-Шарҷа"-и Амороти Муттаҳидаи Араб шикаст хӯрд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардида, бо натиҷаи 0 бар 1 ба нафъи меҳмонон поён ёфт.
Тибқи иттилоъи саҳифаи дастаи Истиқлол дар “Фейсбук”, дар ин дидор беш аз 10 ҳазор мухлис ҳузур доштааст.

Пас аз ин шикаст "Истиқлол" дар қаъри ҷадвали гурӯҳи "С" маскан гирифт. Дастаи "Ал-Шарҷа" бо соҳиб шудани се имтиёз садрнишини гурӯҳ шуд. Дар даври навбатии мусобиқа "Истиқлол" дар сафар бо "Сипоҳон"-и Эрон рақобат мекунад.
Бозии дигар дар ин гурӯҳ байни “Сипоҳон”-и Эрон ва “Ал-Ваҳда”-и Урдун доир гардида, “Сипоҳон дар меҳмонӣ бозиро бо ҳисоби 1:2 бохт. Ягона голи ин дастаро футболбози тоҷик Ваҳдат Ҳаннонов ба ҳадаф расонд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дастаи дигари Тоҷикистон – “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб бозии якуми худро дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё муқобили дастаи “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон баргузор мекунад. Ин дидор дар Ҳиндустон сурат мегирад.
Барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 “Равшан”-и Кӯлоб дар гурӯҳи “А”-и мусобиқот якҷо бо тимҳои “Ал-Вақра” (Қатар), “Трактор” (Эрон) ва “Моҳун Баган” (Ҳиндустон) қарор дорад.
Гуфта мешавад, бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Ҳарифон дар даврҳои баъдӣ мувофиқи ҷойи ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо (1 ва 2-юм) муайян карда мешаванд, яъне дастаи 1-уми як гурӯҳ бо дастаи 2-юми гурӯҳи дигар бозӣ мекунад. Шурӯъ аз даври чаҳорякниҳоӣ ҳарифон тариқи қуръапартойӣ муайян карда мешаванд.
Имсол мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.
Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи асосии қаҳрамонҳои Осиё иштирок кунанд.
“Истиқлол” ва Равшан” барои ширкат дар даври гурӯҳии мусобиқа 300 ҳазор долларӣ ба даст меоранд.





Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста