Дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи "Моҳун Баган"-и Ҳиндустон бозиро мусовӣ кард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ҷавонони ҳинд”-и шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон баргузор гардида, бо натиҷаи 0 бар 0 мусовӣ анҷом ёфт.

Пас аз ин мусовӣ ҳарду даста соҳиби як имтиёзӣ шуданд ва “Равшан” дар зинаи дуюми гурӯҳи “А” мавқеъ гирифт. Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа рӯзи 2-юми октябр "Равшан" бо "Ал-Вақра"-и Қатар дар Душанбе бозӣ мекунад.

Дар рақобати дигари ҳамин гурӯҳ дастаи “Трактор”-и Эрон дар сафар дар баробари “Ал-Вақра”-и Қатар бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард. Баъди ин ғалаба “Трактор” соҳиби се имтиёз шуд ва дар садри ҷадвали гурӯҳ мавқеъ касб кард.

1/4

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 17-уми сентябр дастаи дигар аз Тоҷикистон, "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дар бозии якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 аз дастаи "Ал-Шарҷа"-и Амороти Муттаҳидаи Араб шикаст хӯрд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо иштироки беш аз 10 ҳазор мухлис баргузор гардида, бо натиҷаи 0 бар 1 ба нафъи меҳмонон поён ёфт. Пас аз ин шикаст дастаи пойтахти кишвар ба зинаи охирини гурӯҳи “С” поён фаромад.

“Истиқлол” дар гурӯҳи “С”-и мусобиқа ҳамроҳ бо дастаҳои "Ал-Шарҷа"-и Аморати Муттаҳидаи Араб, "Сипоҳон"-и Эрон ва “Ал-Ваҳда”-и Урдун қарор дорад. Дар даври навбатии мусобиқа "Истиқлол" дар сафар бо "Сипоҳон"-и Эрон рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд. Ҳарифон дар даврҳои баъдӣ мувофиқи ҷойи ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо (1 ва 2-юм) муайян карда мешаванд, яъне дастаи 1-уми як гурӯҳ бо дастаи 2-юми гурӯҳи дигар бозӣ мекунад. Шурӯъ аз даври чаҳорякниҳоӣ рақибон тариқи қуръапартойӣ муайян карда мешаванд.

Имсол мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб  тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.

Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи асосии қаҳрамонҳои Осиё иштирок кунанд.

Барои ширкат дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” 300 ҳазор долларӣ ба даст меоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.