Дар рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки дар Душанбе ҷараён дорад, варзишгарони тоҷик як медал ба даст оварданд.
Ҷудокори ҷавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг бо шикаст додани рақибонаш аз Русия, Лаҳистон ва Италия ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар ин марҳила аз рақиби ҷопониаш Юсуке Такеичи шикаст хӯрд ва ба финал роҳ наёфт.
Аммо дар мубориза барои медали биринҷӣ бар муқобили Абубакр Юсупов, намояндаи Русия пирӯзӣ ба даст овард ва медалро ба гардан овехт.
Бояд гуфт, ки дар рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон дар риштаи ҷудо Тоҷикистон як медали нуқра ба даст оварда буд.

Ин медалро Лоиқ Қутбуддинов, паҳлавони ҷавони тоҷик дар вазни то 60 кг соҳиб шуд.
Ӯ пас аз шикаст додани рақибонаш аз Туркманистон, Мексика, Муғулистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба марҳилаи ниҳоӣ баромад. Аммо дар финал аз Ямато Фукудаи ҷопонӣ шикаст хӯрд ва медали тиллоро аз даст дод.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқоти мазкур, ки 2-юми октябр шурӯъ шуд, то 6-уми ҳамин моҳ давом меёбад.
Гуфта мешавад, ки 531 варзишгар аз 67 кишвари дунё дар ин мусобиқа иштирок доранд.
Тоҷикистонро дар мусобқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни ҷавонон 24 варзишгар (17 писару 7 духтар) намояндагӣ мекунанд.
Бо гузашти ду рӯзи аввали мусобиқа Ҷопон бо касби 5 медали тилло, 4 нишони нуқра ва як биринҷӣ миёни мунтахабҳо дар ҷойи аввал меистад.
Варзишгарони Чин бо ба даст овардани як медали тилло ва як нуқра дар ҷойи дуюм қарор дорандд. Зинаи сеюмро мунтахаби Фаронса бо як медали тилло аз они худ кардааст. Тоҷикистон бо як медали нуқра, як нишони биринҷӣ ва як ҷойи ҳафтум дар зинаи панҷум қарор дорад.
Ғолибони ҷойи якум дар ин мусобиқа 2500 евро, ҷойҳои дуюм 1500 евро ва зинаҳои сеюм 850 евро ба даст меоранд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста