Чор нафар намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба ҷудои силсилаи Тоскулоҳи бузург (Grand Slam) барои дарёфти медал ва имтизёҳо дар радабандӣ (рейтинг) қувваозмоӣ мекунанд.

Тавре ки Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад, мусобиқаи мазкур рӯзҳои 7-8 декабр дар Токио (Ҷопон) баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, айни замон барои иштирок дар мусобиқа 177 ҷудокор аз 42 кишвар сабтином шудаанд. Ин мусобиқаи охирини бузурги ҷаҳонӣ дар соли равон барои ҷудокорон аст.  

Мунтахаби Тоҷикистон аз гӯштингирон Обид Ҷебов (66 кг), Абӯбакр Шеров (73 кг), Умед Раҷабов (90 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) иборат аст.

Дар ин мусобиқаи силсилаи Тоскулоҳи бузург ҷудокорон дар 14 дараҷаҳои вазн (7 байни заон ва 7 байни мардон) рақобат мекунанд.

Ба ҷуз дарёфти медалу имтиёзҳо, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои инфиродӣ бо мукофотпулиҳои зерин қадрдонӣ карда мешаванд:

- барои ҷойи 1-ум – 5000 евро (варзишгар - 4000 евро, мураббӣ – 1000 евро)

- барои ҷойи 2-юм – 3000 евро (варзишгар - 2400 евро, мураббӣ – 600 евро)

- барои 2 ҷойи 3-юм – ҳар кадоме 1500 евро (варзишгар - 1200 евро, мураббӣ – 300 евро).

Илова бар ин, ҷудокороне, ки дар ин мусобиқа соҳиби ҷоиза мешаванд, имтиёзҳо ба даст меоранд. Ҷудокорони соҳиби медали тилло 100 имтиёз (балл), медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ - 500 имтиёз мегиранд. Ҷудокороне, ки зинаҳои аз 5 то 7-умро касб мекунанд, мутаносибан ба 360 ва 260 имтиёз соҳиб мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.