Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) радабандӣ (рейтинг)-и нави мунтахаби кишварҳоро нашр кард. Мувофиқи маълумоти он, мунтахаби Тоҷикистон як зина боло рафта, акнун бо 1203,08 балл дар мақоми 104-ум қарор дорад.

Байни мунтахабҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ футболбозони тоҷик дар зинаи 2-юм қарор доранд. Ӯзбекистон дар зинаи 58-ум, Қирғизистон - 107-ум, Қазоқистон - 110-ум ва Туркманистон - 143-юм ҷойгир шудаанд.

Радабандии ФИФА 201 дастаҳои мунтахабҳоро дар бар мегирад. Пешсафи радабандӣ мунтахаби Аргентина буда, дар зинаҳои дуюму сеюм мунтахабҳои Фаронса ва Испания қарор доранд.

Байни кишварҳои қораи Осиё Тоҷикистон дар зинаи 17-ум ҷойгир аст. Ин ҷо Ҷопон пешсаф буда, зинаи 15-уми худро дар ҷаҳон нигоҳ дошт. Дар сегонаи аввал – Эрон (18-ум дар ҷаҳон) ва Кореяи Ҷанубӣ (23) ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал Австралия (26-ум дар ҷаҳон), Қатар (48), Ироқ (56), Ӯзбекистон (58), Арабистони Саудӣ (59), Амороти Муттаҳидаи Араб (63) ва Урдун (64) шомиланд.

Мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр ду бозии дӯстона гузаронида, бар дастаҳои Непал бо ҳисоби 4:0 ва Афғонистон - 3:1 дастболо шуд. Радабандии навбатии ФИФА 12 декабр ба нашр мерасад.

Лаҳзае аз бозии мунтахаби футболи Тоҷикистон
Сурат: ФФТ

10-гона (Топ-10)-и аввали дастаҳо дар радабандии ФИФА:

1 (1). Аргентина – 1867.25;

2 (2). Фаронса – 1859.78;

3 (3). Испания – 1853.27;

4 (4). Англия – 1813.81;

5 (5). Бразилия – 1775.85;

6 (7). Португалия – 1756.12;

7 (8). Нидерланд – 1747.55;

8 (6). Белгия – 1740.62;

9 (9). Италия – 1731.51;

10 (11). Олмон – 1703.79.

Кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР): Украина – 25; Русия – 34; Ӯзбекистон – 58; Гурҷистон – 68; Беларус – 98; Арманистон – 100; Тоҷикистон – 104; Қирғизиситон – 107; Қазоқистон – 110; Озарбойҷон – 117; Эстония – 123; Латвия – 140; Литва – 142; Туркманистон – 143 ва Молдова – 151.

Дарвозабони мунтахаби футболи Тоҷикистон Рустам Ятимов
Сурат: ФФТ

Беҳтарин натиҷаи Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2024 - зинаи 99-ум пас аз ҳунарнамоии муваффақона дар давраи финалии Ҷоми Осиё дар Қатар ба қайд гирифта шудааст. Беҳтарин нишондиҳандаи дуюми Тоҷикистон дар радабандии дастаҳои мунтахаб - зинаи 106-ум дар моҳи июли соли 2013 мебошад, ки дар ин сол мунтахаби кишвар 40 зина боло рафта буд.

Бадтарин натиҷаи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА дар соли 2003-юм - зинаи 180-ум мебошад. Бадтарин нишондиҳандаи миёнаи солона дар соли 2002-юм - зинаи 168-ум байни 207 даста сабт шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.