Калеб Одурои африқоӣ муррабии футбол аст. Ӯ солҳост, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва барои наврасони тоҷик ин навъи варзишро тамрин медиҳад. Ҳоло беш аз 30 шогирд дорад. Дар гузашта худаш низ дар чанд тими Тоҷикистон бозӣ кардааст.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон Калебро аз рӯи наворе шинохтанд, ки шогирдонашро замони бозии футбол бо забони буррои тоҷикӣ сарзаниш мекард, ки хуб бозӣ кунанд. Ин навор дар муддати кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва ба мардум писанд омад.
Ҷолиб ин буд, ки як мурабии ҷавони африқоӣ чун муррабиёни дигар бо забони англисӣ ва русӣ не, балки бо тоҷикӣ суҳбат мекард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери навораш ӯро аҳсану офарин гуфтанд.
"Ман ба хотире бо тоҷикӣ гап мезанам, ки футболбозон маро ҳис кунанд. Онҳое, ки бо русӣ ё бо тарҷума гап мезананд футболбоз тренерро намебинад ё ӯро ҳамчун одами севвум қабул мекунад",- мегӯяд Калеб Одуро.
Калеб Одуро соли 2018 ба Тоҷикистон омад ва дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекард. Бо як тоҷикдухтар шинос шуд ва оила барпо кард. Ҳоло як фарзанд доранд. Мегӯяд дар омӯхтани забони тоҷикӣ ҳамсараш барояш кумак кардааст. Ӯ гуфт ман фарзандамро тоҷик меҳисобам, чунки дар Тоҷикистон таваллуд шудааст ва модараш тоҷик аст.
Калеб мегӯяд, то имрӯз шогирдони зиёде дар риштаи футбол тарбият кардааст. Умед дорад шогирдони тарбияткардааш дар оянда номбардори Тоҷикистон мешаванд.
Лутфулло Давлатов: “То даме қувват дорам, бо театру синамо мемонам!”
Кормандони “Азия-Плюс” ба ифтихори зодрӯзи расона дар Боғи ғалаба ниҳол шинониданд
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста