Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) "Артиш" (КМВА-Клуби марказии варзишии артиш)-ро шикаст дода, бори ҳафтум ғолиби ин мусобиқа шуд.
Набарди ду дастаи Душанбе дар финали Ҷоми ФФТ рӯзи 22-юми феврал дар Варзишгоҳи марказии пойтахт сурат гирифта, бо натиҷаи 2:0 ба нафъи "Истиқлол" анҷом ёфт. Ҳарду голро Денис Беганович, бозигари марказии босниягии "Истиқлол" дар қисми аввали вохӯрӣ зад.
Бо ҳамин "Истиқлол" барои бори 7-ум ғолиби Ҷоми ФФТ гардид. Ин даста қаблан солҳои 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2021 дар мусобиқаи мазкур ғолиб омада буд.
Ҳамчунин, рӯзи 22-юми феврал қабл аз бозии финалӣ дастаҳои “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва “Сомон”-и ноҳиям Данғара барои ба даст овардани медалҳои биринҷии мусобиқа рақобат карданд. Дар ин мубориза дастаи “Панҷшер” бо ҳисоби 3:0 бар муқобили “Сомон” ғалаба карда, ҷои сеюми мусобиқаро соҳиб гардид.
Барои ин мусобиқа дар умум 100 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд.

Дастаи “Истиқлол”, қаҳрамони мусобиқа 50 ҳазор сомонӣ, медалҳои тилло ва ҷомро ба даст овард. Барандаи медалҳои нуқра - дастаи "Артиш" (КМВА) соҳиби 30 ҳазор сомонӣ шуд.
Дастаи зинаи сеюм - “Панҷшер” 20 ҳазор сомонӣ ва медалҳои биринҷиро моли худ кард.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта Ҷоми ФФТ-ро дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб соҳиб шуда буд. Ин даста дар финал “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор бо натиҷаи 1:0 ноком кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста