Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam-2025” ё “Тоскулоҳи бузург-2025” муайян шуданд. Онҳо тариқи қуваозмоии интихобӣ рӯзи 7-уми апрел интихоб шуданд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба навиштаи манбаъ, ҷудокорони тоҷик дар 7 вазн байни ҳам барои ба даст овардани роҳхат ба ин мусобиқот вориди рақобат гардидаанд.
Дар натиҷа, 36 ҷудокори тоҷик, аз ҷумла 28 мард ва 8 зан ба мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam-2025” роҳхат гирифтаанд:
Дар вазни то 60 кг:
- Ҳақдод Гулов, Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Лоиқ Қутбиддинов.
Дар вазни то 66 кг:
- Эмомалии Нуралӣ, Обид Ҷебов, Ёсин Бобокалонов, Шаҳбоз Саидабуроров.
Дар вазни то 73 кг:
- Абубакр Шеров, Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳиддин Ассадулоев, Маҳмадшариф Наҷмиддинов.

Дар вазни то 81 кг:
- Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода, Сайфиддин Сайфидинзода.
Дар вазни то 90 кг:
- Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музамммир Каримзод.
Дар вазни то 100 кг:
- Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Малаев, Кароматулло Ҳакимов;
Дар вазни аз 100 кг боло:
- Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Раҳматулло Мирзоев.

Занон:
Аҳлия Муминова, Райҳона Розиқзода дар вазни то 48 кг;
Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумаева, Насиба Карликова дар вазни то 52 кг;
Александра Кан, Раҳмия Ҳанҷарбекова дар вазни то 57 кг;
Виктория Киселёва дар вазни то 67 кг.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2025” рӯзҳои 2-4 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" дар Душанбе дар соли 2024 ҳайати Тоҷикистон аз 37 ҷудокор - 28 мард ва 9 зан иборат буд. Дар мусобиқа ҳамагӣ 390 ҷудокор аз 65 кишвар ширкат варзиданд.
Дар ҳисоби умумидаставӣ мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистон бо касби 7 медал - 1 тилло, 3 - нуқра ва 3 - биринҷӣ зинаи 4-умро касб кард.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста