Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо пирӯзӣ дар муқобили “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода бори 13-ум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дастаи “Истиқлол” қаҳрамони феълии кишвар ва “Регар-ТадАЗ” барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 аст.
Набарди дастаҳо шоми дирӯз, 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид.
Қисми асосии ин рақобат бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 11-ум Шерзод Маҳмадиев, футболбози “Регар-ТадАЗ” бо истифода аз ҷаримаи 11-метра боз кард. Аммо дар дақиқаи 83-юм Ҷошуа Акпуҷе, ҳимоятгари “Истиқлол” голи ҷавобиро ба самар расонида, натиҷаро 1:1 кард. Дар ду қисми иловагии 15-дақиқаӣ ҳам ғолиб муайян нагашт ва бозӣ ба задани зарбаҳои пеналтӣ расид.

Дар задани зарбаҳои 11-метра бахти футболбозони “Истиқлол” баландӣ кард. Баъди он ки Далер Имомназаров пеналтии панҷуми “Регар-ТадАЗ” хато зад, “Истиқлол” бо натиҷаи 5:4 ғалаба ба даст овард.
Бояд гуфт, дар вақти иловагии қисми якуми бозӣ (45+3) довари бозӣ ба футболбози “Регар-ТадАЗ” Квадво Фримпонг корти сурх нишон дода, ӯро аз майдон берун кард. Баъди ин футболбозони дастаи шаҳри Турсунзода то анҷоми бозӣ 10-нафара рақобат карданд.
Ҳамин тавр, “Истиқлол” бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко баъди пирӯзӣ бар “Регар-ТадАЗ” Суперҷоми Тоҷикистон ва медалҳои тиллоро соҳиб шуд. Ба дастаи “Регар-ТадАЗ” зери раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев медалҳои нуқра супорида шуд.

Беҳтарин бозигари Суперҷоми Тоҷикистон-2025 Ҷошуа Акпудже, ҳимоятгари дастаи “Истиқлол” дониста шуд.
Ёдрас мешавем, ки футболбозони шаҳри Турсунзода бори чорум аст, ки дар бозӣ барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон ноком мешаванд. Онҳо қаблан ду бор аз “Истиқлол” (солҳои 2011 ва 2012) ва як бор аз “Равшан” (соли 2013) шикаст хӯрда буданд.
Барандаҳои Суперҷоми Тоҷикистон дар солҳои гузаштаро дар тасвирбаёни зер бинед:





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста