Дар шаҳри Тошканд мусобиқаи Ҷоми Осиё-2025 оид ба ҷудо байни наврасон ба охир расид, ки мутнахаби Тоҷикистон дар он ба дастовардҳо ноил гардид.
Мусобиқа рӯзҳои 24-25 май доир гардида, дар он зиёда аз 515 нафар ҷудокорон аз 8 кишвар ширкат варзиданд. Бино ба маълумоти Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа ҷудорони навраси тоҷик ба дарёфти се медал - тилло, нуқра ва биринҷӣ шарафёб шуданд.
Дар вазни то 78 кг байни занон Виктория Киселева ба дарёфти медали тилло ноил гардад, ки ин барои на танҳо худи варзишгар, балки тамои ҷудои занонаи Тоҷикистон дастоварди назаррас маҳсуб меёбад.

Дар вазни то 52 кг Мадина Қурбонзода медали нуқра ба даст овард. Барои ӯ ин дуюмин комёбии назаррас дар мавсими соли равон аст - қаблан дар Ҷоми Осиё миёни кадетҳо ӯ медали тилло гирифта буд.

Дар вазни то 73 килограмми мусобиқа байни мардон Бинёмин Назаров ба дарёфти медали биринҷӣ даст ёфта, дар ҳамаи рақобатҳо маҳорату малакаи хуб нишон дод.
Қаблан дар мусобиқа миёни кадетҳо дар Тошканд низ намоягндагони Тоҷикистон ба дастовардҳо ноил гардида буданд: Мадина Қурбонзода ба дарёфти медали тилло, Бобоҷон Шаропов - нуқра ва Абӯбакр Худоев- биринҷӣ ноил гардида буданд.
Ноиби раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков аз мусобиқаи мазкур чунин натиҷагирӣ кард:
“Ин мусобиқа дар қатори Ҷоми кушоди Осиё ва Аврупо барои варзишгарони ҷавон марҳилаи муҳими омодагии касбӣ маҳсуб меёбанд. Мо онҳоро ҳадафмандона барои омодасозии захира ва тақвияти рақобати дохилӣ истифода мебарем. Боиси хушнудист, ки варзишгарони мо арзанда ҳунарнамоӣ карда, ба дарёфти шаш медал даст ёфтанд.
Дастоварди духтарон боиси ифтихори хос аст, ин пирӯзиҳои таърихӣ мебошад, ки ҷудокорони ҷавонро рӯҳбаланд ва ҳавасманд месозад. Онҳо собит месозанд, ки дар варзиш монеъаҳо нестанд: метавон ғалаба карду, бо ифтихор парчами Тоҷикистонро дар арсаи байнулмилалӣ парафшонӣ намуд.
Ба ҳамаи касоне, ки аз тими мо дастгирӣ карданд ва ба раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир барои эътимод ва дастгирӣ изҳори миннатдорӣ мекунем”, - изҳор дошт Маҳмадбеков.



