Мадина Қурбонзода, нахустин духтари тоҷик аст, ки дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam” соҳиби медал шуд. Ӯ дар мусобиқаи байналмилалаии “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2025” оид ба ҷудо дар вазни то 52 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.
Навори шодии ӯву падараш баъди ғалаба дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинандаи зиёд пайдо кард.
Мадина зодаи ноҳия Восеъ асту онҷо ба воя расидааст. Ӯро дар ин самт падараш роҳнамоӣ намудааст.
"Модарам намехост, ки ман варзишгар шавам, аммо падарам гоҳо пинҳонӣ ё модарамро розӣ карда, ба мусобиқаҳое, ки дар ноҳияҳои наздик мешуд, мебурд. Ман бо бачаҳо машқ мекардам ва ба ҳар деҳа рафта бо бачаҳо гуштин мегирифтам ва онҳоро мағлуб мекардам", - нақл кард ӯ.
Мадина баъди дастовардҳо ва дарёфти ҷоизаҳои зиёд дар мусобиқаҳои маҳаллӣ, ба Душанбе омад ва дар толори варзишии “Кангурт”, таҳти роҳбари Муртазо Носиров тамрин мекунад. Мувафақияти охирашро ба заҳматҳои ҳамин устодаш рабт медиҳад.
Мадина мегӯяд, ин муваффақият барои ӯ интиҳо нест ва ӯ барои худ мақсади нав - роҳ ёфтан ба бозиҳои олимпӣ ва дар онҷо баланд бардоштани парчами кишварро гузоштааст.



Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста