Дирӯз, 19-уми июн Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакон таҷлил гардид. Ин ҷашн соли 2011 бо ташаббуси Федератсияи байнулмилалии Анҷуманҳои футбол (ФИФА) ва Фонди кӯдакони СММ таъсис дода шуд. Ҳадафи он на танҳо хотиррасон намудани он, ки футбол бозии миллионҳо нафар аст, инчунин, роҳ ба сӯйи солимӣ, интизом ва дӯстӣ мебошад.

Ба ин муносибат, “Азия-Плюс” рӯйхати маконҳоеро омода кард, ки дар онҳо кӯдаконро метавон ҳатто ройгон ба машқи футбол ҷалб кард.

Футбол дар Тоҷикистон яке аз варзишҳои дӯстдошта ва писандида аст. Дар ҳавлӣ, майдончаҳои мактабӣ, боғҳо ва дигар ҷойҳо метавон бачаҳоро бо тӯб дид. Барои онҳо ин на танҳо як шавқу ҳавас, балки майлу рағбати хеле зиёд мебошад. Аммо барои ба як машғулияти ҷиддӣ ё ҳатто касб табдил ёфтани он, муҳим аст, ки мактаби дурусти футболро интихоб кард.

Мактаби хуб ин на танҳо майдону тӯб, балки мутахассисоне мебошанд, ки ҷисми кӯдаконро хуб фаҳмида, тарзи дурусти таълиму омӯзиш ва дастгирии ҳавасмандии кӯдаконро медонанд.

Таваҷҷуҳ кунед, ки кӯдаконро аз кадом синну сол қабул мекунанд. Барномаҳо барои 6-солаҳо ва 10-солаҳо бояд фарқ дошта бошанд. Дар баъзе ҷо ҳамоҳангӣ ва бозӣ муҳим аст, дар дигар ҷой — аллакай тактика ва тайёрии ҷисмонӣ.

Мактабҳои хуб мунтазам дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ширкат мекунанд. Ин на танҳо рӯҳи варзиширо инкишоф медиҳад, балки ба падару модар имкон медиҳад, ки пешрафти воқеии фарзандашонро бинанд.

Дар як машқу тамрини озмоишӣ иштирок кунед. Ба он таваҷҷуҳ кунед, ки мураббӣ бо кӯдакон чӣ гуна муносибат дорад. Муҳим на танҳо натиҷа, балки муҳити мусбат ва инкишофдиҳанда аст.

Футбол метавонад на танҳо як шавқу ҳавас, балки тарзи зиндагӣ гардад. Барои ин дарёфти мактабе лозим аст, ки дар он кӯдак на танҳо техника, балки эҳтиром, интизом ва рӯҳи умумии дастаро омӯзад.

Дар Душанбе мактабҳои зиёди футбол амал мекунанд ва интихоб аз ҷониби волидон аст
Сурат: ФФТ

 

Кадом мактаби Душанбе барои футболбозони оянда мувофиқ аст?

Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ (ММВЗО)

Мураббиён:  Раҳмат Ҳасанов, Хайёл Ҳасанов, Ҷаҳонгир Ҷабборов, Алиҷон Турдиназаров, Аҳлиддин Турдиев.

Тел. 918-63-81-48, 919-011-516.

Синну сол: 11-15-сола

Рӯзҳои машқу таълим: аз рӯзи сешанбе то ҷумъа, рӯзи душанбе - истироҳат.

Вақт: аз соати 7:30 то 9:30.

Варзишгоҳ: "Автомобилист", "Душанбе-арена", "Локомотив".

Нарх: ройгон.

 

"Динамо"

Мураббӣ: Акбаралӣ Туранҷонзода.

Тел. 552-05-13-13.

Синнусол: 4-15-сола.

Рӯзҳои машқу таълим: сешанбе, чоршанбе, шанбе.

Вақт: аз соати 16:00 то 19:00.

Варзишгоҳ: "Спитамен" (собиқ "Спартак").

Нарх: 300 сомонӣ.

Ҳар кадоме аз мактабҳо сабку усул ва фалсафаи худро дорад

 

"Локомотив"

Мураббӣ: Ғиёс Назаров.

Тел. 917-043-196.

Синну сол: 11-16-сола.

Рӯзҳои машқу таълим: душанбе, чоршанбе, ҷумъа.

Вақт: аз соати 7:00 то 10:00.

Варзишгоҳ: "Локомотив".

Нарх: мувофиқи қарордод бо мураббӣ.

 

"Соро-компания"

Мураббӣ: Исмоил Саидов.

Тел. 904-567-151.

Синнусол: 7-12-сола.

Рӯзҳои машқу таълим: душанбе, чоршанбе, ҷумъа.

Вақт: аз соати 8:00 то 11:00.

Варзишгоҳ: "Авиатор".

Нарх: ройгон.

Бисёре аз таълимгирандагони мактабҳои гуногуни Душанбе дар ҷашнвораи чанде пеши футбол иштирок карданд.
Сурат: ФФТ

 

"КМВА" (ЦСКА)

Мураббиён:  Фирӯз Исматов, Ҷамшед Тоҳирӣ.

Тел. 938-888-387, 501-101-236.

Синнусол: аз 21-сола поин.

Рӯзҳои машқу таълим: ҳар рӯз.

Вақт: аз соати 16:00 то 17:30.

Варзишгоҳ:  "КМВА" (ЦСКА)-и Вазорати мудофиаи ҶТ.

Нарх: ройгон.

 

"Спартак Юниор"

Мураббиён: Валерий Юлдошев, Умед Исрофилов, Юнус Маматқулов, Мақсад Амиров ва дигарон.

Тел. 556-44-56-56, 93-555-05-45.

Синнусол:  аз 5-сола боло.

Рӯзҳои машқу таълим: ҳар рӯз.

Варзишгоҳ: "Спартак" - рӯзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа, "Қарияи Боло" (корпуси 3) - сешанбе, панҷшанбе, шанбе,  "Х-фит" (толор) - ҳар рӯз, кӯч. Маяковский, мактаби №37 - сешанбе, панҷшанбе, шанбе.

Нарх: 500 сомонӣ дар як моҳ. Агар ду ё зиёда аз он аъзои оила ба машқ оянд, пас 450 сомонӣ дар як моҳ барои ҳар кадоме аз кӯдакон.

Машғулиятҳои футбол ҳамеша серҳаракат ва шавқовар мегузаранд
Сурат: ФФТ

 

Академияи "Ювентус"

Мураббиён: Давлатшо Ҷорӯбов, Бахтовар Иззатов, Баҳодур Сӯфиев, Масеҳ Умарӣ, Руслан Тиллоев.

Тел. 949 55 00 55, 981-11-37-71.

Синнусол: аз 5 то 15-сола.

Рӯзҳои машқу таълим: душанбе, чоршанбе, ҷумъа ё сешанбе, панҷшанбе, шанбе.

Вақт: аз соати 8:30 то 12:-00 ё аз соати 15:00 то 20:30.

Варзишгоҳ: Душанбе, кӯч. Муҳаммадиев 7/11.

Нарх: барои субҳ – 500 сомонӣ, нисфирӯзӣ ё бегоҳӣ – 1200 сомонӣ дар як моҳ.

 

"Легенда 17"

Мураббӣ: Дилшод Восиев.

Тел. 918-28-26-26.

Синнусол: аз 6 то 17-сола.

Рӯзҳои машқу таълим: душанбе, сешанбе, шанбе (толор).

Вақт: гурӯҳи А-В аз соати 17:00 то 18:00, гурӯҳи С-D - аз соати 18:00 то 19:00.

Варзишгоҳ: Лучоб, Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии ба номи С. Раҳимов.

Нарх: 350 сомонӣ.

 

"Легион"

Мураббӣ: Акмал Мадиев.

Тел. 907-10-31-32.

Синнусол: аз 4 то 16-сола.

Рӯзҳои машқу таълим: аз 4 то 12-сола – душанбе, чоршанбе, ҷумъа, аз 12 то 16-сола -  сешанбе, панҷшанбе, шанбе.

Вақт: вақти сар шудани машқу таълим ба гурӯҳи синнусолӣ вобаста аст.

Варзишгоҳ: аз 4 то 12-сола - боғи «Куруши Кабир», аз 12 то 16-сола – дар наздикии «Садбарг»

Нарх: 400 сомонӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.