Аз 29 август то 8 сентябр Осиёи Марказӣ боз ба майдони рақобатҳои шадиди футбол табдил меёбад - дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусобиқаи Ҷоми Миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ё худ "CAFA Nations Cup-2025" баргузор мешавад. Дар қуръапартоӣ ҳайати гурӯҳҳо муайян карда шуд. “Азия-Плюс” имкони дастаҳоро барои ғалаба баррасиву таҳлил кард.

 

Гурӯҳи B: истиқболи гарму самимӣ дар Ҳисор

Мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Эрону Афғонистон ва Малайзия бозӣ мекунад. Ҳамаи вохӯриҳо дар ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд. Бозии аввал бо Малайзия (29 август) калидӣ хоҳад буд, зеро бовар ба худ ва интихоби усули бозӣ дар идомаи мусобиқа ба он вобаста аст.

Сипас футболбозони тоҷик бо тими Афғонистон (1 сентябр) ва дар даври охири гурӯҳӣ бо Эрон (4 сентябр) бозӣ мекунанд, ки ба гумони ғолиб, ин рақобат ҳалкунанда мешавад.

Зеро тими Эрон яқинан бо ҳайати асосиаш намеояд ва ин ба соҳибони майдон имкон медиҳад, ки аз дастгири мухлисон ба хубӣ истифода баранд. Бо назардошти ҳолати тими Тоҷикистон дар вохӯриҳои охир, роҳ ёфтан ба бозии финалии мусобиқа ҳадафи комилан воқеист.

Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон
Сурат: ФФТ

 

Гурӯҳи A: афзалият ба Ӯзбекистон

Дар Тошканд соҳибони майдон - Ӯзбекистон, инчунин Қирғизистон, Туркманистон ва тими даъватшудаи Уммон бозӣ мекунанд. Аз рӯйи ҳайат ва радабандии ҷорӣ, ғолибият маҳз ба Ӯзбекистон дода мешавад.

Уммон метавонад мушкилот эҷод созад, лекин бозии устувори соҳибони майдон ва боз дар ватани худ, онҳоро довталаби асосӣ ҷиҳати роҳ ёфтан  ба бозии финалӣ мегардонад.

Ба ин тариқ, довталабони асосии дарёфи унвони қаҳрамонӣ дар ин мусобиқа ба назари мо, Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Эрон арзёбӣ мешаванд.

CAFA Nations Cup 2025 метавонад мусобиқаи  шавқовартарин ва шадидтарин дар таърих шавад. Финал байни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бошад, метавонад ба классикои ҳақиқии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбад.

 

"CAFA Nations Cup"

Гурӯҳи «А». Ӯзбекистон (соҳиби майдон), Қирғизистон, Туркманистон, Уммон.

Гурӯҳи «В». Тоҷикистон (соҳиби майдон), Эрон, Афғонистон, Малайзия.

Ҳайати гурӯҳҳо

Даври 1-ум. 29 август (ҷумъа). Тоҷикистон – Малайзия. Эрон – Афғонистон.

Даври 2-юм. 1 сентябр (душанбе). Афғонистон – Тоҷикистон. Малайзия – Эрон.

Даври 3-юм. 4 сентябр (панҷшанбе). Тоҷикистон – Эрон. Афғонистон – Малайзия.

8 сентябр. Финал (Тошканд): ғолиби гурӯҳи А – ғолиби гурӯҳи B. Бозӣ барои ҷойи 3-юм (Душанбе): ҷойи дуюм дар гурӯҳи А – ҷойи дуюм дар гурӯҳи B.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.