Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудо байни наврасон (U-17) (Sofia World Championships Cadets 2025) дар София, Лоиқ Қутбиддинов, ҷудокори навраси тоҷик медали нуқра гирифт. Ин мусобиқот аз 27 то 30 август дар Булғористон баргузор мешавад.
Лоиқ Қутббиддинов пас аз як қатор пирӯзиҳо ба даври финалӣ роҳ ёфта, дар рақобати ҳалкунанда аз Эрнуру Батюргалӣ, намояндаи Қазоқистон шикаст хӯрд.
То расидан ба даври финалӣ, ӯ бар ҷудокорон аз Кипр, Алҷазоир, Амрико, Эстония ва Ҷопон дастболо шуд. Ин дастоварди варзишгари наврас барои боз ҳам беҳтар шудани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин мусобиқот аз ҷудокорони зерин иборат буд:
- Ҳайдар Маҳмадшарифов (55 кг);
- Лоиқ Қутбиддинов (60 кг);
- Муҳаммадёсин Сулаймонов (66 кг);
- Бобоҷон Шаропов (73 кг);
- Абӯбакр Абдуҷалилзода (81 кг);
- Мадина Қурбонзода (52 кг).
Ягона ҷудокор миёни занон аз Тоҷикистон Мадина Қурбонзода дар сафи панҷгонаи беҳтаринҳо дар вазни худаш қарор гирифт. Дигар намояндагони ҷумҳурӣ дар ҳайати мунтахаб дар марҳилаҳои гуногуни мусобиқот ба бохт дучор шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Булғористон зиёда аз 550 ҷудокор аз 71 кишвари , аз ҷумла Ҷопону Фаронса, Бразилия, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста