Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 ғалаба ба даст овард.

Голҳои дастаи моро дар ин рақобат, ки дар Австралия доир шуд, Шервонӣ Мабатшоев (ду гол), Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев заданд.

Пас аз ин пирӯзӣ, Тоҷикистон шумораи имтиёзҳояшро ба 13 адад расонида, то баргузории бозии Филиппин ва Малдив ба садри ҷадвали гурӯҳи “А” баромад. Имрӯз дар бозии дигари ҳамин гурӯҳ Филиппин бо Малдив мубориза мебарад.

Тоҷикистон дар 4 бозии қаблӣ се пирӯзӣ (ду ғалаба муқобили Малдив ва як ғалаба муқобили Тимори Шарқӣ) ва як мусовӣ (бо Филиппин) дошт.

Дастаи мо охирин дидори худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 31 –уми марти соли оянда муқобили Филиппин дар Тоҷикистон баргузор мекунад. Дастаи Тимори Шарқӣ бошад муқобили Малдив бозӣ мекунад.

Қаблан, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври чаҳорум марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили Малдив ба ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, 24 тими миллӣ дар 6 гурӯҳ ( ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) мубориза мебаранд. Ҳар як тим дар гурӯҳ 6 бозӣ, 3 рақобат дар майдони худ ва 3-то дар сафар анҷом медиҳад. Ғолибони ҳама гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Мунтахаби футболи кишвар дар аввалин иштироки худ дар ин мусобиқот, ки аввали соли соли 2024 дар Қатар баргузор шуд, то марҳилаи ¼-ниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар ин марҳила Тоҷикистон аз тими Урдун бо ҳисоби як бар сифр шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд.