Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқоти Ҷоми ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 20 ва 21-уми ноябр дар Душанбе баргузор шуд, 10 медал - 6 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварданд, хабар медиҳад ТВ "Варзиш".
Аз ҷумла, дар рӯзи дуввуми муобиқот Суҳробҷон Камолов дар вазни то 81 кг, Ҷаҳонгир Алимов дар вазни то 90 кг ва Абдурофеъ Шарифзода дар вазни ҷамъи 90 кг медалҳои тиллоро соҳиб шуданд.
Ду медали нуқраи варзишгарони моро Саидшоҳ Доргаев дар вазни то 81 кг ва Муҳаммадҷон Мирзоев дар вазни то 90 кг гирифтанд.
Медалҳои биринҷиро Сайёд Давлатов дар вазни то 73 кг, Акрам Акрамов, Рошид Неъматов - ҳарду дар вазни то 81 кг, Муҳаммадҷон Аҳмедов ва Асмар Шариф - ҳарду дар вазни ҷамъи 90 ба даст оварданд.

Дар рӯзи якуми Ҷоми ҷудои Осиё наврасони тоҷик ба гирифтани 5 медал – 3 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ даст ёфта буданд. Медалҳои тиллоии наврасони тоҷикро Абубакр Худоиев дар вазни то 55 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг, Муҳаммад Одинашоев дар вазни то 66 кг ба даст оварданд.
Медали нуқраи варзишгарони моро Оминабону Тошова дар вазни то 44 кг ва медали биринҷиро Нушин Ҷумаева соҳиб шуданд.

Ҳамин тавр, ҷудокорони навраси кишвар мусобиқаро бо 15 медал ҷамъбаст карданд.
Дар мусобиқаи Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасон 330 варзишгар аз 4 кишвар - Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Тоҷикистонро дар он 190 ҷудокор (179 писар ва 11 духтар) муаррифӣ карданд.
Ҳамчунин, имрӯз, 22-юми ноябр дар пойтахти кишвар мусобиқа Ҷоми Осиё миёни ҷавонон оғоз шуд, ки то рӯзи 23-юми ноябр идома мекунад. Дар он ширкати беш аз 270 варзишгар аз 5 кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, инчунин, дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо пешбинӣ мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 186 куштигири ҷавон (176 писар ва 10 духтар) намояндагӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста