Дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои шашуми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 6 медал – 3 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд ва кишвари мо аз рӯи шумораи медалҳо дар ҷои 28-ум қарор гирифт. Ин мусобиқот дирӯз, 21-уми ноябр ҷамъбаст шуд.
Аз ҷумла, дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гуштии тарзи озод Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) медали нуқра ба даст овард. Кудиев дар даври муқаддимавӣ намояндаи Тунис Фаррух Ҷелласиро бо ҳисоби 20:9 шикаст дод.
Дар чаҳорякфинал варзишгари тоҷик гуштигири қирғиз Билол Шарип уулуро бо ҳисоби 6:2 мағлуб кард ва дар нимфинал Алибег Алибегов аз Баҳрайнро бо ҳисоби 10:0 шикаст дод пеш аз анҷоми вақт пирӯз шуд.

Дар финал Кудиев бо яке аз довталабони асосии қаҳрамонӣ – намояндаи Эрон Раҳмон Амузадхалилӣ, ҷоизадори мусобиқаҳои ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд ва бо ҳисоби 12:2 мағлуб гардид. Вале медали нуқраро соҳиб шуд. Ин сеюмин нишони нуқраи Тоҷикистон дар Бозиҳои имсола буд.
Саъдӣ Исмоилов дар тенниси рӯи миз медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҳамчунин, рӯзи 9-уми ноябр ҷудокорони тоҷик дар вазнҳои вазнин ду медал ба даст оварданд. Дар вазни 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷиро ба даст овард. Дар вазни +100 кг Темур Раҳимов дар финал аз ҳарифи ӯзбекистониаш мағлуб шуда, медали нуқраро гирифт.
Ҳамчунин, яке аз варзишгарони умедбахши кишвар — Мадина Қурбонзода дар вазни 52 кг медали нуқра гирифт. Абубакр Шеров низ натиҷаи назаррас нишон дод: дар вазни 73 кг мақоми сеюмро гирифта, ба даста боз як медал зам кард.
Қаблан гуфта мешуд, ки ду варзишгари тоҷик Шоҳида Қаландарова (70 кг) ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (81 кг) дар намуди кураш соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Вале баъдар ин ду медал ҳисоб карда нашуд. Сабабаш маълум нест.
Дар ин мусобиқот ҷои аввал насиби дастаи Туркия (72 тилло–44 нуқра –39 биринҷӣ) гардид, пас аз он Ӯзбекистон (29–35–32) ва Эрон (29–19–33) ҷойгир шуданд. Дар маҷмуъ, варзишгарон аз 42 давлат медал ба даст оварданд.
Дигар кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон – мақоми 7-умро соҳиб шуд (15–20–21). Қирғизистон 14-ум шуд (4–4–11) ва Туркманистон ҳеҷ медал нагирифт.
Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз 7 то 21-уми ноябр дар Риёз баргузор шуд. Аз Тоҷикистон ба ин мусобиқа ҳамагӣ 134 нафар ширкат карданд, ки аз онҳо 69 варзишгар буданд. Боқимонда мураббиён ва кормандони кумитаҳо, федератсияҳо ва дигар намояндагиҳо мебошанд.
Варзишгарони тоҷик дар 12 намуди варзиш иштирок карданд, аз ҷумла ҷудо, таэквон-до, кураш, вазнабардорӣ, камонандозӣ, тенниси рӯимизӣ, бокс, куштӣ ва намудҳои паралимпӣ.
Ин бори дуюм аст, ки Арабистони Саудӣ мизбони ин мусобиқот мешавад. 20 сол қабл, соли 2005 Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Макка, Мадина ва Ҷидда баргузор шуда буданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста