Ташкилоти маъруфи “UFC” шартномаи ҳамкориро бо Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи 35-солаи тоҷик дар намуди муҳорибаҳои омехта (ММА) бекор кардааст. Дар ин бора “UFC Roster Tracker” хабар дода, навиштааст, ки шартнома бо чанд размикор, аз ҷумла Лоиқ Раҷабов тамдид карда нашуд.
Сабаби бекор шудани шартномаи ҳамкорӣ миёни размикори тоҷик ва ташкилоти маъруфи “UFC” маълум нест. Вале аксаран, сабаби ин тасмимро ба беш аз як сол ширкат накардани ӯ дар мусобиқаҳо маънидод мекунанд.
Вале худаш чанд рӯз пеш, бо нашри як паём дар саҳифаи "Инстаграм"-аш шарҳ дод, ки чанд моҳи охир барои ӯ хеле душвор буд: ӯ се маротиба пай дар пай ҷароҳат бардошт ва қарор кард, ки вазнро иваз кунад ва ба дивизиони 77 кг гузарад. Ба таъкиди ӯ, ҳамаи ин дар маҷмӯъ имкон надод, ки "ритм"-и рақобатии худро нигоҳ дорад.
Лоиқ Раҷабов, ки ҳамчунин бо “Танки тоҷик” машҳур аст аз соли 2012 инҷониб дар мусобиқаҳои касбии муҳорибаҳои омехта (ММА) ширкат мекунад. Дар умум, ин размикори тоҷик дар ММА 25 рақобат баргузор карда, 18 пирӯзӣ, 6 бохт ва 1 мусовӣ дорад.
Лоиқ Раҷабов соли 2023 бо ин ташкилот шартнома баста буд. Ӯ дар доираи “UFC” 4 муҳориба баргузор карда, дар дутояш пирӯз ва дар дутои дигар мағлуб шуда буд. Дар охирин муборизаи худ, дар моҳи июли соли 2024, Раҷабов дар “UFC on ESPN 60” аз Трей Огдени амрикоӣ мағлуб шуда буд.
Ҳамакнун, баъди берун гардидани Лоиқ Раҷабов аз ташкилоти “UFC”, дар он се размикори дигари тоҷик Нурулло Алиев, Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров боқӣ монданд, ки ҳеҷ кадомашон ба феҳристи 15-гонаи беҳтаринҳои вазни худ ворид нашудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста