Бошгоҳи футболи “Истиқлол” -и шаҳри Душанбе баъди ба анҷом расидани шартномаи ҳамкорӣ бо ситоди мураббиёни даста таҳти роҳбарии Игор Черевченко, онро дигарбора тамдид накард. Ҳамин тариқ, Черевченко баъди беш аз 1 соли сармуррабигии “Истиқлол", ин мақомро тарк кард.
Дар ин бора расман бошгоҳи “Истиқлол” хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, баъди ба охир расидани муҳлати шартномаҳо, сармураббии бошгоҳ Игор Черевченко, мураббии калон Юрий Батуренко, мураббӣ Дилшод Восиев, мураббии дарвозабонҳо Дмитрий Тяпушкин ва мураббии фитнес Дорде Коралич дастаро тарк карданд.
“Роҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” ба тамоми ҳайати мураббиён барои заҳматҳои анҷомдодаашон изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти ояндаи мураббигиашон барору комёбиҳо таманно менамояд” – омадааст дар изҳороти “Истиқлол”.
Худи Игор Черевченко чанд рӯз пеш бо пахши як навор дар саҳифаи "Телеграм"-и "Истиқлол" сабаби истеъфои худро ба ҷароҳати зонуяш рабт дод. Ӯ гуфт, бояд дар Маскав ҷарроҳӣ шавад ва барои барқароршавӣ барояш аз 2 то 4 моҳ истироҳат лозим аст.

"Ман фикр мекунам, ки ин мавсим барои даста хуб гузашт. Ҳайати мураббиён ва футболбозон кори зиёд анҷом доданд. Мо қаҳрамони Лигаи олӣ шуда, Суперҷоми Тоҷикистонро бурдем. Дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 амалкарди хубе доштем. Ҳадафи мо аз гурӯҳ баромадан буд, аммо ба далели фарқияти тӯбҳо натавонистем ин корро анҷом диҳем. Ба ҳамаи бачаҳо барои талошашон ташаккур мегӯям", - гуфтаст Черевченко.
Ин мутахассис аз моҳи октябри соли 2024 сармураббии Истиқлол буд. Таҳти роҳбарии ӯ даста се маротиба Чемпионати Тоҷикистон, Ҷоми Тоҷикистон, Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард ва кишварро дар бозиҳои Осиё муаррифӣ кард.
Дар наздиктарин фурсат ин даста бояд ситоди нави муррабиёни худ, аз ҷумла сармуррабиашро муаррифӣ кунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста