Виталий Левченко, матахассиси 53-солаи тоҷик дигарбора сармуррабии тими “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. Ҳамчунин, ситоди нави мураббиёни ин даста ҳам маълум шудааст. Дар ин бора бошгоҳи “Истиқлол” хабар дода, навиштааст, ки шартномаи ҳамкорӣ бо Левченко то анҷоми мавсими 2026 ба имзо расидааст.
Ҳамчунин, ба ситоди муррабиёни ин даста, Андрей Анненков, - мураббии калон, Анвар Норкулов - мураббии тайёрии ҷисмонӣ, Фаррух Бердиев – мураббии дарвозабонҳо ва Дониёр Муродов – мураббии таҳлилгар шомил гардиданд.
Бояд гуфт, Левченко қаблан низ роҳбарии тими “Истиқлол”-ро ба уҳда дошт (солҳои 2020-2022) ва бо роҳнамоии ӯ даста қаҳрамони Тоҷикистон гардида, кишварро дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО намояндагӣ карда буд.

Ҳоло ӯ дар вазифаи сармураббии "Истиқлол" Игор Черевченкоро, ки моҳи декабри соли 2025 аз ин мақом канор рафта буд, иваз мекунад. Ин мутахассис аз моҳи октябри соли 2024 сармураббии “Истиқлол” буд.
Черевченко сабаби истеъфои худро ба ҷароҳати зонуяш рабт дода, гуфта буд, ки бояд дар Маскав ҷарроҳӣ шавад ва барои барқароршавӣ барояш аз 2 то 4 моҳ истироҳат лозим аст. Ҳамин тариқ, “Истиқлол” шартномаи ҳамкорӣ бо ҳамаи ситоди мураббиёни дастара тамдид накард.
Виталий Левченко соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Тарбиятдидаи мактаби маҳаллии футбол мебошад. Дар дастаҳои “Хуҷанд”, тимҳои украинии “Динамо” ва ССКА (Киев), “Таврия”-и Симферопол, дастаҳои русиягии “Волгар” (Астрахан), “Спартак” (Кострома), “Динамо” (Ставропол), “Урал” (Екатеринбург), ҳамчунин тими “Чанчун Ятай”-и Чин бозӣ кардааст. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (1996-2000) дар 10 бозӣ ширкат кардааст.
Дастаҳои украинии “Княжа” (вилояти Бориспол), “Еднист” (вилояти Чернигов), “Десна” (Чернигов)-ро машқ дода, ба ҳайси ёвари сармураббии мунтахаби ҷавонони футболи Украина, ёвари сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, сармураббии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) буд.
Ҳамчунин, як муддат сармураббии дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор, мураббии тими русиягии “Криля Советов” (Самара) ва сармурабии бошгоҳи “Хуҷанд” буд. Баъди ин, ду сол - 2020-2022 сармарабби "Истиқлол"-и Душанбе буд.
Виталий Левченко се мавсими охир дар тими “Нефтчӣ”-и Ӯзбекистон фаъолият дошт ва соли 2025 ҳамроҳ бо ин даста қаҳрамони футболи Ӯзбекистон шуд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста