Дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии зимистона-2026 дар шаҳрҳои Милан ва Кортина- д’ Ампетсои Италия иштирок намекунад. Тоҷикистон бори сеюм аст, ки пайдарпай аз иштирок дар ин мусобиқа дар канор мемонад, дар ҳоле, ки се кишвари дигари минтақаи Осиёи Марказӣ намояндагони худро ба он мефиристанд.
Тоҷикистон барои иштирок дар ин Бозиҳо ягон роҳхат ё худ иҷозатнома (литсензия) ба даст оварда натавонист. Ахиран варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 дар Сочи (Русия) иштирок карданд. Бозиҳои олимпии зимистона-2018 дар Пхёнчхан (Кореяи Ҷанубӣ) ва соли 2022 дар Пекин (Чин) бидуни иштироки намояндагони Тоҷикистон баргузор шуданд.
Коршиносони соҳаи варзиш сабабҳои инро ба мавҷуд набудани заминаи доимии омодагӣ, тақвими маҳдуди мусобиқаҳо оид ба навъҳои варзиши зимистона дар дохили кишвар нисбат медиҳанд.
Тавре ки дар торнамои Olympics.com хабар дода мешавад, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ намояндагони Қазоқистон аз ҳама зиёдтаранд.

Тими Қазоқистонро дар Бозиҳои олимпии зимистона дар Италия 36 варзишгар, Ӯзбекистонро - 4 варзишгар ва Қирғизистонро - 2 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Варзишгарони Туркманистон ягон бор дар Бозиҳои олимпии зимистона иштирок накардаанд ва ин бозиҳо ҳам истисно нест.
Бозиҳои XXV олимпии зимистона дар Италия аз 6 то 22 феврали соли равон баргузор мешаванд. Дар он 2871 варзишгар аз 93 кишвар ширкат меварзанд. Дар мусобиқаҳо барои дарёфти 116 маҷмӯи мукофотҳо дар 16 навъи варзиш рақобатҳо сурат мегиранд. Ҳиссаи иштироки занон дар Бозиҳо ба 47%-и рекордӣ мерасад.
Варзишгарони давлатҳое ба монанди Бенин, Гвинея-Бисау ва Амороти Муттаҳидаи Араб бори нахуст кишварҳои худро дар Бозиҳои олимпии зимистона намояндагӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин Бозиҳои олимпии зимистона 2026 бори аввал таҳти роҳбарии президенти нави Кумитаи миллии олимпӣ Кирсти Ковентри доир гардида, самти рушди навъҳои варзиши зимистонаро барои даҳсолаҳои оянда муайян мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста