Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар дафтари Бунёди Аврупо ва Осиё дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе барномаи бурсии сафорати Канада дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (CIDA), ки ба дастгирии давраи гузариш ба бозори иқтисодӣ равона гардидааст, муаррифӣ гардид. Набишер Ҷӯраев, корманди барномасози дафтари мазкур, зикр кард, ки чорабинӣ ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ба қавли ӯ, дар барномаи CIDA дастгирии самтҳои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рушди босубот, таъмини баробарҳуқуқии занону мардон, ҳифзи муҳити зист, дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон ва рушди иқтидори ташкилот пешбинӣ шудаанд. «Дар чаҳорчӯбаи мулоқот бо ҳайати шахсии дафтари бунёд баррасии масъалаи имкони вусъат бахшидани фаъолияти Маркази дастгирии Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) перомуни ҳалли мушкилоти ҳамарӯзаи онҳо дар назар аст, - гуфт Н.Ҷӯраев. – Бар замми ин, масоили пуштибонӣ аз манфиатҳои ТҒД дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин муҳайё сохтани шароити мусоид баҳри ҳамкории судманди ҷонибҳои манфиатдор низ мавриди муҳокима қарор мегиранд». Ёдовар мешавем, ки намояндагии Бунёди Аврупо ва Осиё дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон 15-уми ноябри соли 2006 ифтитоҳ гардидааст. Бунёди мазкур вориси Бунёди Аврупо ва Осиё буда, фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1997 оғоз кардааст. Бунёди мазкур ҷонибдори дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандони маҳаллӣ, ҳамкорӣ бо ҳукумат, созмонҳои ғайритиҷоратӣ ва сохторҳои соҳибкорӣ аст, то ки бештар талаботи ҷомеаро омӯхта, барномаҳои зарурӣ ва муҳимро, ки ба рушди босуботи ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд, амалӣ созад. Намояндагиҳои Бунёд ҳамчунин дар шаҳрҳои Алма-Ато, Бишкек ва Ош ба қайд гирифта шудаанд.
Радио эфир



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста