Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар маҷмаии давлатии «Кохи ваҳдат»-и пойтахт намоишгоҳи навбатии 3-уми «ИнтерЛегПром-2008» ба кор шурӯъ кардааст, ки 4 рӯз давом хоҳад кард. Аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки намоишгоҳро Ҳукумати ҶТ, Палатаи савдо ва саноати ҶТ, Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи коргарони саноати сабук ва бофандагӣ созмон додаанд. Бино ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ ҳудуди 30 ширкатҳои ватанӣ ва хориҷии соҳаи саноати сабук ва намояндагони корхонаҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. «Корхонаҳои шаҳрҳои Санкт-Петербург, кишварҳои Эрон ва Туркия барои иштирок дар намоишгоҳ дархост фиристоданд, - идома дод манбаъ. – Дар доираи чорабиниҳои намоишгоҳ ҳамчунин мизи мудаввар дар мавзӯи «Имконот ва дурнамои истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ дар корхонаҳои саноати сабуки ҶТ» баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи нахустини байнулмилалии «ИнтерЛегпром» ба муносибати ҷашни иди касбии коргарони саноати сабук, 15-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ, ҷашни 2700-умин солгарди шаҳри Кӯлоб дар шаҳри Душанбе, дар таърихи 8-11-уми июни соли 200б доир гардида буд. Дар он намунаҳои маҳсулоти беш аз 30 ширкатҳо ва корхонаҳои Тоҷикистон, Эрон ва Ҳиндустон ба намоиш гузошта шуда буданд. Намоишгоҳи дуввум 8-11-уми июни соли 2007 дир гашт.
Радио эфир
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста