Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» /Баҳром Маннонов/ - Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ширкат варзид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои ИДМ дар қасри Константини шаҳри Санкт-Петербург баргузор гашт. Дар мулоқот масоили омода кардани стратегияи рушди иқтисодии ИДМ, тавсиаи фаъолияти байнидавлатии гуманитарӣ ва омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд. Зимни муҳокимарониҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамгироии иқтисодӣ ва хосса энергетикии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар муқобили равандҳои глобализатсия нокифоя номида, аз пешниҳод дар бораи соли 2009-ро дар доираи ИДМ - соли энергетика эълон кардан, пуштибонӣ намуд. Ӯ изҳори тассуф кард, ки дар бӯҳрони иқтисодии зимистони гузашта дар Тоҷикистон дастгирии кишварҳои узви ИДМ ҳис нагардид. «Ҳамкории иқтисодии кишварҳоро бояд мардуми он ҳис кунанд», - гуфт ӯ. Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки лоиҳаи аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшудаи Консепсияи сиёсати муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ мавриди дастгирӣ қарор мегирад. Президенти ҶТ ҳамчунин аз фаъол гаштани Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки имрӯз шаҳри Душанбе ба баргузории Форуми 3-юми зиёиёни илмию эҷодии кишварҳои аъзои ИДМ омодагии ҷиддӣ мебинад. Хотиррасон бояд кард, ки форуми мазкур моҳи сентябр дар мавзӯи «Рушди гуфтугӯи фарҳангҳо дар миқёси Иттиҳод» таҳти шиори «Бо гуфтугӯи фарҳангҳо ва шаффофият - сӯйи ғанигардонии ҳамдигар ва пешрафти мардумони Иттиҳод» баргузор хоҳад гашт. Дмитрий Медведев, президенти Русия дар маърӯзааш ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳоро самти муҳимтарини фаъолияти ИДМ номид. Эмомалӣ Раҳмон ва сарони кишварҳои дигари узви ИДМ ҳамчунин дар намоишномаи Анҷумани XII-уми байнулмилалии иқтисодии Санкт-Петрбург ширкат варзида, бо комёбиҳои тозатарини илму техника шинос гардиданд. Сипас Э.Раҳмон бо президенти Русия Д.Медведев мулоқот кард. Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва мавзӯҳои муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд. «Сарони кишварҳо аз муносиботи тарафайн изҳори қаноатмандӣ карда, сохтмони НОБ-и «Сангтӯда-1»-ро намунаи барҷастаи ин ҳамкориҳо арзёбӣ намуданд, - идома доданд аз дафтари матбуот. - Ба гуфти Дмитрий Медведев ҷониби Россия манфиатдор аст, ки дар татбиқи дигар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон низ иштироки фаъол дошта бошад. Сарони кишварҳо ҳамчунин аз сатҳ ва мӯҳтавои ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия қаноатмандӣ изҳор намуданд. «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму техника ва маориф воситаи хуби рушди муносибатҳои байни давлатҳо ва мардумони онҳо маънидод гашт, - зикр кард манбаъ. - Эмомалӣ Раҳмон ба Дмитрий Медведев барои омодагӣ баҳри кушодани филиалҳои як зумра муассисаҳои олии таълимии Русия дар шаҳри Душанбе арзи сипос намуд». «Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили байналмилаливу минтақавӣ, авзои кунунии Афғонистон ва таҳкими ҳифзи сарҳад бо он муҳокима гардиданд», - афзуданд дар дафтари матбуоти сарвари кишвар. Дар ҳошияи мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои ИДМ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳбарони як қатор давлатҳо, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва дигарон оид ба масоили мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуд.
Радио эфир
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми гузашта дода буд, иҷро шуд?
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Беш аз 471 ҳазор ронанда санади “утилизатсия”-и мошин гирифтаанд
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ фурӯхту чӣ харид?
Ширҷӯш, устои мошин... Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?
Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста