Душанбе. 1-ми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс»
- 30 июни соли 2008 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокиияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.
Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулинро ба масоили омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорў нигаронида, дар ин самт гузоришҳои муовини якуми Раиси шаҳр Абдусаттор Сулаймонов ва раиси комиссияи депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Ҳабибовро дар робита ба ҳолати санҷиши корҳои омодагӣ дар ноҳияҳо ва тамоми субъектҳои хоҷагидории муқими шаҳр шунида, таъкид дошт, ки
то ба имрӯз, ки фурсат баҳри дилхоҳ корҳои омодагӣ кифоягӣ мекунад на ҳамаи талаботҳои Қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 17 апрели соли 2008 ба пуррагӣ ба иҷро расонида шудаанд.
Зимнан, бо фаҳмонидани мубрамияти масъалаи мазкур ба ҳамаи раисони комиссияҳои депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бори дигар зикр сохт, ки дар
санҷиши амиқи корҳои анҷомдода, ки дар таносуби ноҳияҳо дар алоҳидагӣ вобаста мегарданд, бе ҳеҷ кадом истиҳола муносибат намуда, бо дарки масъулият оид ба воқеияти ҳолати ҷойдошта гузоришҳо пешниҳод намоянд.
Муқаррар гардид, ки комиссияҳои мазкур бо иштирок ва ҷалби мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва ВАО аз 1-уми июл ба кор шурӯъ намуда, ҳисоботи раисони ноҳияҳо 17-уми июл дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзномаи он маҳз ба баррасии ин масъала бахшида шудааст, шунида
мешавад.
Дар ин равобит афзуд, ки оид ба корҳои анҷомдодаи омодагии сохторҳои шаҳрии ШСХК «Барқи Тоҷик» дар асоси мувофиқа ва
дархости шаҳрдорӣ аз ҷониби Дастгоҳи Иҷроияи Президенти кишвар
санҷиш гузаронида хоҳад шуд. Дар ин бора котиби матбуотии раиси
шаҳри Душанбе Ш. Саидов хабар дод.



“Ҳеҷ гуна шароит наметавонад хушунат ба кӯдаконро сафед кунад”. Изҳороти Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” ба Токио сафар кард
Се додрас “барои кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мекунад” аз вазифа барканор шуданд
Нишасти C5+1 бо иштироки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон
Ҷасади Қобилҷони дар Русия кушташударо ба Тоҷикистон оварданд. Маросими видоъ оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2025
Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста