Душанбе. 2-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ мудири Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Братислава Бен Слэй изҳор дошт, ки тамоми созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон дар мавриди омодагии кишвар ба зимистон ва коҳиши бӯҳрони ғизоӣ чораҳо меандешанд.
Ба гуфтаи ӯ, назорати расидани кӯмаки башардӯстона ба эҳтиёҷмандон «масъалаи мубрам» аст ва шояд созмонҳои байнулмилалӣ низ дар ин кор ба саҳлангориҳо роҳ додаанд.
«Ҷомеаи ҷаҳонӣ албатта ба Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз хоҳад кард, вале пешгирии бӯҳрони энергетикӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати ҶТ аст», - гуфт Б.Слэй.
Ӯ зикр кард, ки роҳҳои пешгирии бӯҳрон дар Тоҷикистон мавҷуданд ва яке аз онҳо истифодаи энергия офтоб аст. Б.Слэй таъкид сохт, ки чунин тарзи истееҳсоли энергия камхарҷ аст ва ҳатто як соҳибкор метавонад аз ӯҳдаи сармоягузории он баромада, як қисмати аҳолиро бо энергия таъмин созад.
«Дар Қирғизистон намояндагии мо маҳз дар ҳамин самт барномаи густурдаеро муваффақона амалӣ месозад», - афзуд ӯ.
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста