Душанбе. 3-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон вохӯрии профессори кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон Иброҳим Усмонов бо роҳбарони васоити ахбории оммаи чопии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар мулоқот масъалаи гузаштан аз хати кириллӣ ба алифбои арабӣ муҳокима шуд.
«Алифбои арабӣ талаботи забони тоҷикиро пурра қонеъ сохта наметавонад, зеро тӯли беш аз ҳазор сол ин хат дар забони тоҷикӣ истифода шудааст, вале он нозукиҳои забони тоҷикиро пурра ифода карда натавонист, - изҳор дошт олим. - Пешниҳоди чанде аз намояндагони зиёиёни ҷомеа дар бораи гузаштан ба алифбои арабӣ нодурустанд ва илова бар ин, ҳеҷ зарурате дар ин кор нест».
«Ақидаи он, ки бо гузаштан ба алифбои арабӣ мо бо осори гузаштагону омӯзиши илм бо забони асл шинос мешавем, асоси воқеӣ надоранд, зеро тақрибан 80%-и мероси зарурии хаттии ниёгонамон ба алифбои кириллӣ баргардонида шудааст ва мутахассисон вазифадоранд бо хати тоҷикӣ, ки ба алифбои арабӣ асос ёфтааст, ошноӣ дошта бошанд», - гуфт И.Усмонов.
Дар мавриди он, ки бо гузаштан ба алифбои арабӣ гӯё мо бо мардуми дигари форсизабони ҷаҳон наздику қарин мегардем, олим изҳор дошт, ки «халқҳоро ҳукуматҳо мавҷуда ба ҳам наздик месозанд, на хату алифбо» ва чун намуна 22 кишвари ҷаҳони арабро мисол овард, ки бо як забон ҳарф мезананду вале муттаҳид шуда наметавонанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста